Рӯзҳои Дарҳои кушод дар ДИС ДДТТ

Санаи 2-уми марти соли 2019 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилояти Суғд  Рӯзи Дарҳои кушод баргузор гардид. Хатмкунандагон  бо ҷараёни таълим дар ДИС ДДТТ, дастовардҳои донишкада ошно гардида, барои минбаъд интихоби донишкадаи мазкур барои идомаи таҳсил фикру мулоҳизахои хешро баён доштанд.

Хатмкунандагон, ки теъдоди онҳо беш аз 600 нафар буд, асосан аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайра ташриф оварда, ба шароити таълиму тарбия ва ҳолати синфхонаҳои таълимию марказҳои компютерию забономӯзӣ, китобхонаи электронӣ ва ғайра шинос гардида, бо таассуроти нек иброз доштанд, ки маҳз ДИС ДДТТ интихоб намуда, мутахассиса варзида гашта, барои ободии Тоҷикистони азиз хидмат менамоянд.

Сипас дар толори донишкада бо иштироки директори ДИС ДДТТ, номзади илми иқтисод Олимӣ Рауф Латифзода мулоқоти судманд бо хатмкунандагон баргузор гардид. Директори донишкада тавассути слайд ва видиоролик аз дастоварду комёбиҳои донишкада ёдовар гардида, аз хамткунандагон даъват ба амал овард, ки мутахассиси варзида гашта, барои ободии Тоҷикистони азиз хидмат намоянд. Ба саволҳои хатмкунандагон директори донишкада посухҳои муфассал гардонда, таъкид кард, ки ДИС ДДТТ аз рӯи 20 ихтисос мутахассисони варзидаро тайёр менамояд.

Ҳамчунин дар назди хатмкунандагон деканҳои факултет, мудирони кафедраҳо, донишҷӯёни фаъол, иштирокчиёни мусобиқаҳои байналмилалӣ, аъзоёни дастаи ЭНАКТУС баромад намуда, аз хатмкунандагон даъват ба амал оварданд, ки агар мехоҳанд мутахассиси хуби соҳаи иқтисодӣ гарданд, пас ДИС ДДТТ интихоб намоянд.

dahoi_kushod_10
dahoi_kushod
dahoi_kushod_7
dahoi_kushod_1
dahoi_kushod_2
dahoi_kushod_3
dahoi_kushod_4
dahoi_kushod_5
dahoi_kushod_6
dahoi_kushod_8
dahoi_kushod_9
previous arrow
next arrow
dahoi_kushod_10
dahoi_kushod
dahoi_kushod_7
dahoi_kushod_1
dahoi_kushod_2
dahoi_kushod_3
dahoi_kushod_4
dahoi_kushod_5
dahoi_kushod_6
dahoi_kushod_8
dahoi_kushod_9
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *