Мубориза бо терроризм ва экстремизми динӣ вазифаи пурмасъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад

Тероризм ва экстримизм дар тамоми намуди изҳори фаъолияташ, ба ҷамъият зарари модди ва меҳнатӣ таҳдид мекунад. Дар шароити имрўза терроризм ва экстримизм бо намудҳои гуногун ба фаъолияти ҷамъият таъсир мерасонад: дуздии одамон, гаравгирии шахсият, таркиш дар муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва ғ. Аз ҳамин лиҳоз ҳалли муаммои терроризм ва экстримизми динӣ дар шароити имрўза – яке аз вазифаҳои асосии ҷамъият, халқу миллат ва инчунин ҷавонони ҳимоятгари давлати соҳибистиқлол баҳисоб меравад.

Афсўс, ки таҳдиди терроризм ва экстримизми динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз ба чашм мерасад. Имрўзҳо мо аз оинаи нилгун, газетаю маҷаллаҳо оиди амалиётҳои гурўҳҳои терористӣ, оиди ошкоркунии аъзоёни гурўҳҳои дини – экстримистӣ ахборотҳои гуногун мешунавем.

Албатта то имрўз корҳои зиёде оиди пешгирии терроризм ва экстримизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шудааст, аммо мо ҷавонони имрўза набояд бетараф бошем ва ҳушёриро аз даст диҳем. Имрўз мо ҳамчун ҳимоятгари халқу миллат, Тоҷикистони худро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳон бояд, ки яке аз давлатҳои бехатар, мустақил ва соҳибистиқлол муаррифӣ карда шавад.

Ҷавонони замони муосир, ҳамарўза  дар ҳимояи хонаводаи худ, ҳамсояи худ, ҳамсабақи худ бошанд. Онҳоро аз амалҳои ғайри қонунӣ пешгирӣ намоянд, ба гурўҳҳои гуногуни ғайриқонунӣ ҳамроҳ нашаванд, аз мавҷудияти ин гурўҳҳо хабардор намоянд то, ки бехатарии миллати худро таъмин намоянд.

Дар солҳои охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо ватанпарастони ғамхори кишвар, чандон амалҳои ғайриқонунии ҳизби наҳзати исломро ошкор ва дастгир намуданд.

Аз тарафи мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани амалиётҳои терористӣ ва экстримистӣ амалиётҳои самаранок иҷро мегардад, аз ҷумла ташкил ва такомули қонунгузорӣ.

Танҳо бо фаъолият ва амалиётҳои мақомотҳои давлати таҳдиди терроризм ва экстримизмро гум кардан номумкин аст. Аз ҳамин лиҳоз бо мақсади ҳимояи ҷамъият ва халқу миллат бо ҳамкории ҳамдигар ин амалҳои ғайри қонуниро пешгирӣ ва бартараф намуда Тоҷикистони азизи худро ҳимоя намоем.

Ахмедов  Каримҷон Акбарҷонович,
муаллими калони кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *