УМЕД ДОРЕМ ДАР АФҒОНИСТОН АҚЛИ СОЛИМ ПИРӮЗ МЕШАВАД!

Вазъи пурхатару пуртаҳлукаи ҷаҳони имрӯз, тезу тундии муносибатҳои кишварҳо, ҳаводиси фоҷиабори солҳои охир ва хусусан афзои кунии Афғонистон пайваста мураккабтару хатарбортарин аз пешин мегардад. Бинобар ин яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз қабили ДИИШ, Ал – Қоида ва равияҳои ифротӣ, ки рӯйхаташон ба садҳо расидааст, созмон ёфтаанд ва бештари аъзоёнашон алҳол дар қаламрави Афғонистон фаъолият доранд. Бояд қайд кард, ки дар замони суқути ҳаракти “Толибон” миқдори муайяни ҷангҷӯёни ДИИШ аз зиндонҳо озод шуданд. Имруз дар Афғонистон ДИИШ 40 ҳазор ҷангҷӯ дорад, ки ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд. Алҳол дар ин кишвар беш аз 20 гуруҳҳои террористӣ фаъолият доранд. Тибқи расонаҳои хабарӣ дар давоми соли 2021 дар қаламравӣ Афғонистон беш аз 17 ҳамлаи террористӣ ба қайд гирифта шудааст.
Он чи бар сари халқи Афғонистон омад, набояд моро бетарафу ором гузорад. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Дар иртибот ба ин, Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарини созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ оид ба масъалаи пешгирии терроризиму экстремизм, бахусус ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузоштаанд. Аз суханрониҳои Сарвари кишвар иқтибосҳо оварда, қайд менамоем, ки имруз вақти он расидааст, ки сиёсатмадорон, роҳбарони ҳамаи ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ, аҳли зиё, шахсиятҳои обрӯманд ва кулли сокинони Афғонистон сарҷамъ шаванд, Ватан, давлат ва миллати худро аз нооромиву парокандагӣ наҷот диҳанд. Мо ин суханҳоро аз таҷрибаи талхи солҳои 90-уми асри гузаштаи таърих халқи Тоҷикистон мегӯем.Зеро яке аз сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо маҳз талоши баъзе сиёсатмадорон ва роҳбарони як қатор ҳизбу ҳарактҳои сиёсӣ барои курсиву мансаб буд. Хулоса кишвари мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошад. Дар интиҳои андешаи хеш аз суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иқтибос меорем: Бо итминон изҳор медорам, ки ин рӯзҳои сахти мардуми Афғонистон абадӣ нестанд ва умед дорам, ки дар Афғонистон оқибат ақли солим пирӯз шуда, дар ин кишвари ҳамсоя сулҳу оромӣ барқарор мегардад ва мо бо ин давлати ҳамсояву дӯстӣ худ робитаҳои ҳамаҷонибаро тақвияту тавсеа мебахшем.

Ф.МАМАДҶОНОВ, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *