ТАЪМИНИ ИТТИЛООТИИ КИШВАР – ҶУЗЪИ ТАРКИБИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Солҳои охир гуруҳҳои террористиву экстремистӣ барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан кибертерроризмро пеша намудаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки воқеан кибертерроризм ба инсоният бо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, ки онро бо аслиҳаи ядроӣ, бактериологӣ ва кимиёӣ муқоиса кардан мумкин аст. Таҷрибаи бадастомада оид ба кибертерроризм шаҳодат медиҳад, ки хатари он бисёр давлатҳоро таҳдид мекунад. Кибертерроризм сарҳад надорад ва ҳар лаҳза метавонад ба низоми иттилоотии кишваре, ки дар ҳар нуқтаи кураи замин ҷойгир аст, таъсири манфӣ расонад. Баробари ин бояд қайд кард, ки вазъи ҳосилшуда ва афзоиши таъсири ВАО-и хориҷӣ ба афкори умум дар аксар маврид ба амнияти иттилоотии мамлакатҳо метавонад таҳдид ба бор оварад. Хоинони миллат барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнокашон ин ҳолатро низ истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, барои шикаст рӯ ба рӯ намудани бадхоҳони миллат, умуман созмонҳои террористӣ, ин аз байн бурдани роҳҳову усулҳои таблиғотии онҳо мебошад. Дар ин самт садҳо ва бештар аз он сомонаҳои интернетии таблиғотии террористиро метавон ошкор ва бо истифода аз фазои иттилоотӣ мубориза бурда, фаъолияти онҳоро бояд қатъ кард. Набояд фаромуш кард, ки ҷангҳои иттилоотӣ тамоми таърихи инсониятро ҳамроҳӣ мекунанд ва дар аввал онҳо динӣ ва идеологӣ буданд. Ин назарияҳо гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки ҳодисаҳои ҳамакнун ба вуқуъ пайваста дар ҷаҳони пуртаззод тарҳрезишуда мебошанд. Бояд қайд кард, ки ВАО-и хориҷӣ имрӯз дар тамоми гӯшаву канори олам фаъол буда, он мутааллиқ ба кишварҳои муайян ва дар ҷанги иттилоотии давр ҳамчун бузург шинохташуда мебошанд. Чун дигар кишварҳо имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон низ фаъолияти расонаҳои иттилоотии хориҷӣ ва хусусӣ батаври назаррас ба роҳ монда шудаанд. Насли имрӯз дар ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонишуда зиндагӣ мекунанд, ки ҳар лаҳза метавонад хатари ҷиддиро ба бор биёрад. Бинобар ин, бояд фазои хатарзои иттилоотиро бо маводҳои ҷолиб, ки воқеъияти кишвари моро ба ҷаҳониён инъикос карда тавонад, тавассути ВАО ва дигар шабакаҳои иҷтимоиро пурра намудан зарур аст. Дар ин баробар ҳар таҳдидҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, дарҳол мебояд онро аз фазои иттилоотӣ дур кард. Зеро таъмини амнияти иттилоотии кишвар дар шароити ниҳоят тезу тунд ҷомеаи байналмилалӣ ҷузъи таркибии амнияти миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдорист. Бинобар ин, ҷавонони мо бояд аз хурдсолӣ рӯ ба дониш оваранд ва дар бораи донишҳои ҳаётан муҳим маълумот дошта бошанд. Мактаби нахустини инсон-мактаби модар аст. Ҳар як зан-модари бедордили тоҷик бояд ба қадри тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот бирасад. Вазифаи ҳамаи мо аз он иборат аст, ки ҷавонони гумроҳро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *