ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ НАБОЯД БА ВАЗЪИЯТИ СИЁСИИ АФҒОНИСТОН БЕТАРАФ БОШАД!

Имрӯзҳо терроризми байналмилалӣ бо шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ мақсадҳои худро пардапӯш намуда, ба мушкили умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки дини мубини Ислом ба терроризм ва ҳаракатҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс, таълимоташ зидди ин зуҳуроти хатарнок нигаронда шудааст. Иллат танҳо дар он аст, ки қувваҳои махсус барои амалӣ намудани манфиатҳои худ аз дини мубини Ислом суиистифода мекунанд. Роҳбарони пасипардагии терроризм мехоҳанд, харитаи иқтисодию сиёсии ҷаҳонро ба манфиатҳои худ мувофиқ созанд ва махфӣ нест, ки террористон барои пиёда гардондани хостаҳои пуштибонони худ, бо нишондоди онҳо амал менамоянд. Мақсади асосии онҳо сарнагун кардани сохти конститутсионии давлатҳои алоҳида ва ба ҷойи онҳо ҷорӣ намудани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпешаю ба идеологияи экстремистӣ асосёфта мебошад. Қудратҳои ҷаҳонӣ дар раванди ҳифзи манфиатҳои худ дар гӯшаҳои гуногуни олам муқобили ҳам қарор мегиранд, дар натиҷа низоми давлатдории як силсила давлатҳо аз байн меравад. Ин ҳолатро имрӯз Афғонистон дидан мумкин аст. Дар Афғонистон ҳокимиятро ҳаракати «Толибон», яъне ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст, ҳокимиятро ба даст гирифта, вазъи ин кишварро душвору пурҳассос карда истодааст. Тарафдорони ин гурўҳ айни замон ҳокимияти худро дар ин мамлакат ҷорӣ намуда, ба ваъдаҳои аввалаи худ истодагарӣ надоранд. Аз ҳама бештар ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар ин кишвар поймол гардида истодааст. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд ба вазъияти сиёсии Афғонистон бетараф бошад. Ислоҳи чунин вазъ танҳо дар сурати такмили ҳуқуқи байналмилалӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқии муҷозотӣ барои кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, амалӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм, ба муҳокимаи Додгоҳи байналмилалӣ кашидани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунанда имконпазир мегардад. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.
Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *