ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

Экстремизм ва терроризм дар маҷмуъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад. Ба андешаи мо, барои фаҳмиши дурусти ин масъала бояд худи мафҳуми «ҷавонон» ва сабабҳои шомил гардидани онҳо ба ин ҳизбу ҳаракатҳо мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирад. Ҷавонон – ин гуруҳи иҷтимоию демографӣ мебошанд, ки дар асоси маҷмӯи хусусиятҳои синну сол ҷудо карда шуда, аз хусусиятҳои вазъи иҷтимоӣ ва аз дигар хусусиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ вобастагӣ дорад. Ҷавонӣ ҳамчун марҳалаи муайяни давраи зиндагии биологӣ гуногунпаҳлу аст, вале доираи мушахасси синнусолии он, ки бо мақоми иҷтимоӣ ва хусусиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ алоқаманд аст, дорои хусусияти иҷтимоӣ-таърихӣ буда, аз сохтори ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва қонуниятҳои ҷомеакунонии он вобастагӣ дорад. Шароити мусоид барои онҳо ин дараҷаи кофии имконияти иқтисодии ҷомеа мебошад, ки барои баркамол расидани ҷавонон, рушди малакаи онҳо, азхуд намудан ва дарёфти мақоми хоссаи худ дар ҷомеа дар соҳаҳои гуногунро таъмин намояд. Муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки тибқи расонаҳои хабарии Љумҳурии Туркия, санаи 14-уми апрели соли 2021 дар як амалиёти махсус бо гумони ҳамкорӣ бо гуруҳи тундрави Давлати исломии Ироқу Шом 11 нафар боздошт шудаанд ва дар байни боздоштшудагон, як нафаре бо номи Солиев Солеҳи 31 сола аст, ки он зодаи Тоҷикистон мебошад. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот менамояд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, ҳамаи гурӯҳҳои экстремистии ҷавонон характери ғайрирасмӣ доранд. Барои ҳамин ҳам аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гуруҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд. Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Чунончӣ љавоне бо номи Беҳрӯзи Абдуллољон дар давоми солҳои охир барномаҳои дорои мазмуни ифротгароиро, ки аз љониби саркардагони ТТЭ ҲНИ таҳияву дар интернет пахш мешавад, мунтазам тамошо намуда, тавассути саҳифаи шахсиаш дар шабакаҳои иљтимоӣ онҳоро ҳадафмандона паҳн намудааст. Амали ин ҷавони гумроҳшуда ошкору гунаҳкор ҳисобида, дар асоси қарори Суди шаҳри Ваҳдат тибқи моддаи дахлдори Кодекси љиноятӣ барои ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Бо ҳамин муҳити мусоиди низоъҳои гуногуни иҷтимоӣ, таъсири омилҳои идеологии беруна дар тафаккури сиёсии ҷавонон пайдо шуда, аксар вақт тобиши сиёсӣ мегирад. Хусусияти дигари ҷавонон ҳамчун субъекти иҷтимоии муносибатҳои сиёсӣ аз хусусиятҳои шуури ҷавонон, ки на танҳо бо синну сол, балки ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ин гурӯҳ вобаста аст, алоқаманд мебошад. Бояд қайд намуд, ки мафкураи ҷавонон хеле ба осонӣ зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ мегардад. Аз ин рӯ, сарнавишти ҷавонон аз он қувваҳои сиёсие, ки бештар ба ташаккули ҷаҳонбинии онҳо таъсир мерасонад, вобастагии калон дорад. Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд. Ҳамин тариқ, стратегияи пешгирии фаъолияти экстремистӣ бояд ба таҳким ва ҳамгироии таъсири тарбиявии оила, мактаб, муассисаҳои таълимии касбии сатҳи гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма равона карда шавад. Сохтори давлатӣ оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм ин мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Асоси бунёди сохтори ташкилӣ барои пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, системаи амалкунандаи давлатӣ оид ба ошкор, пешгирӣ, боздошти амалҳои террористӣ мебошад. Субъектҳои бевоситае, ки ба мубориза бар зидди терроризм машғуланд, аз ҷумла амнияти зиддитеррористиро дар доираи салоҳияти худ тибқи муқаррароти Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон. «Дар бораи мубориза зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» ва дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.
Бо дарназардошти авлавияти стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил медиҳанд.

АБДУЛЛОЕВА М.Н.,
ассистенти кафедраи
назарияи иқтисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *