ТАЪМИНИ АМНИЯТ ВА СУЛҲУ СУБОТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН (ВМКБ) ҲАДАФИ МОСТ

Мақсади ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кўшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.

Имрўз терроризм ва экстремизм яке аз мушкилотҳои асосии ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад, ки новобаста аз шакли идоракунӣ ба тамоми мамолики олам, аз ҷумла кишвари мо яъне Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (ВМКБ) беасар нест. Терроризм ва ифротгароӣ дар ниҳоди худ зуҳуроти номатлуб аст. Ин зуҳурот боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйирот ба сохтори конститутсионии давлатҳо, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гашта метавонад.

Мавриди зикр аст, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ ва экстремистӣ яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони имрўза гаштааст.  15-уми сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо фаъолони ВМКБ аз афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷоннок намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ супоришҳои қатъи доданд.

Бо мақсади сулҳу суботи ВМКБ ва дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният таъсис дода шудааст ва фаъолияти он идома дорад.

Ситоди байниидоравӣ дар ҳамкории зич бо мақомотҳои дахлдор ва шаҳрвандони бо ору номуси шаҳри Хоруғ дар самти ислоҳу камбудиҳои аз ҷониби Сарвари давлат таъкид гардида ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаанд.

Инчунин ғайр аз он гуфтаҳои бол обоз Пешвои муаззами миллатамон, барои сулҳу суботи кишварамон аз ҷумла ВМКБ ба Прокуратураи генералӣ супориш дода буданд, ки дар ҳамкори бо дигар мақомотҳои дахлдори давлатӣ «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд. Ин пешниҳод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасдиқ расид.

Доир ба иҷроиши ин «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» аҳли хираду тамаддунгари кишварамон аз ҷумла мардум ВМКБ бояд ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ яъне амният  мебояд, ки ҳамдилу ҳаммаром  ва муттаҳид бошанду бар зидди ин зуҳуроти номатлуб овоз баланд кунанд.

Аммо боиси таасуф аст, ки баъзе аз ҷавонони мо аз сабаби заиф будани ҷаҳонбиниву мафкураи сиёсӣ, паст будани сатҳи дониш ва ҳмчунин ба сабаби рушд наёфтани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар ботинашон, фирефтаи ҳаргуна суханони хоинони миллат шуда ба доми гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ афтида, домони поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худ, фарзандон ва оилаву наздиконашонро хира месозанд.

Мо, омўзгорон, бояд дар сафи пеш истода мубориза бар зидди гурўҳҳои ифротгароӣ, ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм қарор бигирем, шогирдонро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намоем. Ҷавонон бояд донишҳои сиёсиашонро пайваста такмил диҳанд, бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз мо каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон ва зиндагии шоистаи мардуми мо аз ҷавонони имрўза, яъне насли навраси кишвар вобаста аст.

Аз ин рў аз тамоми мардуми сарбаланди ВМКБ, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меоварем, ки ҳаргиз фирефтаи суханҳои ин гурўҳҳои ифротгароӣ хиёнаткор яъне хоинони миллат нашаванд. Зиракии сиёсиро аз даст надода пайваста дар фикри сулҳу субот ва ободии сарзамини азизи хеш бошанд, зеро Ватан барои ҳамаи инсонҳои сайёраи рўи замин, ононе, ки соҳибватананд, азизу муқаддас аст. Мо, ҳамагон, якҷоя бояд шукргузорӣ аз ҳастии чунин Ватани маҳбубу мақаддасамон кунем ва ҳаргиз ба душманони миллат, яъне хоинони миллат иҷозат надиҳем, ки Ватани маҳбубу муқаддасамонро бадном кунанд, ё дар андешаи парокандагии он бошанд.

Шавкат Абдуғаниев,
муаллими калони кафедраи
менеҷменти ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *