Дастаи “Энактус”-и ДИС ДДТТ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд

Натиҷаи заҳмати софдилонаи ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ аст, ки солҳои охир дар ҳама самтҳо фаъолияти назарраси олимон, устодон ва донишҷўён ба назар мерасад. Аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада барои расидан ба ҳадафҳои асосии хеш софдилона меҳнат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талоши созанда менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки Донишкада бо шарафёб гардидан ба дастовардҳои мухталиф дар соҳаҳои илм, таълим, тарбия ва варзиш дар муаррифии кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши арзанда мегузорад. Чунончи, дастаи “ЭНАКТУС”-и Донишкада дар мусобиқаҳои умумиҷаҳонии донишҷўён дар соҳибкории озод ғолиб омада, борҳо Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва Парчами Ватани азизамонро дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон парафшон намудааст.

 Донишкада соли 2011 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар кишвари Малайзия, соли 2013 дар давлати Мексика, соли 2014 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин, соли 2016 дар шаҳри Торантои Канада ва соли 2017 барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Лондони Англия бо баромадҳои пурмуҳтаво оид ба бизнес–нақшаҳои инноватсионӣ, аз тарафи ҳакамони байналмилалии мусобиқаҳои ҷаҳонии донишҷўён дар соҳибкории озод соҳиби мақомҳои ифтихорӣ ва медалу ифтихорномаҳо гардидааст. Соли равон бошад дастаи “ЭНАКТУС”-и донишкада бори дигар дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ пирўз гардида, барои иштирок дар озмуни байналмилалӣ ба ИМА роҳхат гирифт.

Ҷавонони соҳибистеъдоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии Энактус-2018, ки дар шаҳри Сан-Хосеи иёлоти Калифорнияи ИМА баргузор гардид, иштирок намуданд. Ба ҳайати дастаи “Энактус” директори донишкада Олимӣ Рауф Латифзода, ёвари директор Абдувалӣ Акбарзода, донишҷўёни фаъолу эҷодкор Анушервон Норов, Обидҷон Амонов, Дилноза Абдураҳмонова, Фарзона Юсупова, Таҳмина Қодирқулова, Диёра Қаҳорова ва Муҳаммадҷон Латипов шомил гаштанд.

Албатта, иштироки дастаи ДИС ДДТТ дар ин мусобиқи бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ боиси ифтихору сарбаландии мост. Парвоз аз болои уқёнуси Ором, тамошои обҳои беканор, иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ, суханронӣ ва мубодилаи афкор дар конфронсу семинарҳо бо устодону донишҷўёни кишварҳои дунё барои ҳар яки мо таассуроти неку хотирмон бахшид.

Даста санаи 6 октябри соли 2018 тақрибан соати 20:30 дақиқа ба шаҳри Сан-Хосеи иёлоти Калифорнияи ИМА расид. Пас аз тай кардани роҳи дуру дароз даста истироҳати бофароғат намуда, рўзи 8 октябр аз рўи нақша ба Толори Конфронси МакЭнери дар шаҳри Сан-Хосе рафт ва ҷои баромадро аз назар гузаронид.

Санаи 9 октябр рўзи оғози мусобиқаҳо буд ва тариқи қурракашӣ дастаи мо байни тимҳои лигаи 3 ҷой гирифт. Ҳамагӣ шаш лига иборат аз шаш даста мавҷуд буд, яъне 36 даста дар мусобиқот иштирок доштанд. Аз рўи низомнома ба ҳар як даста дар маҷмуъ 22 дақиқа барои баромад ва муаррифӣ ҷудо карда шуд, ки аз он 17 дақиқа барои намоиши лоиҳаҳо ва 5 дақиқа барои саволу ҷавоб буд.

Рўзи якум дастаи донишкада сарбаландона баромади худро оғоз намуда, онро бо мавҷи баланди қарсақҳои ҳозирин ба анҷом расонд. Аз тарафи доварон якчанд саволҳо пешниҳод карда шуд, ки ҳайати даста ба саволҳои ҳакамон ҷавобҳои мукаммал ва мушаххас дода тавонистанд ва бо рўҳияи баланд баромади худро дар мусобиқа хотима бахшиданд.

Рўзи 10 октябр дар қисмати аввали рўз намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ба монанди KPMG, Coca-Cola Inc., Ford Motors ва ғайраҳо баромад карда, перомуни ҷиҳатҳои мухталифи соҳибкорӣ ва чӣ гуна тариқи бизнес-ғояҳои нав ҳал кардани проблемаҳои глобалӣ суханронӣ карданд.

Дар қисмати дуюми рўз тибқи нақша намоиши дастовардҳои фарҳангии ҳар як давлати иштирокчӣ баргузор гардид. Дастаи “Энактус”-и ДИС ДДТТ дар ин чорабинии байналмилалӣ фарҳанги бою ғании Тоҷикистони азизро тариқи либосҳову лавозимотҳои гуногун аз матоъҳои миллӣ омода шуда, яъне атласу адрас намоиш дод. Ҳамчунин дастархони зебову дилкаше ороста, диққати иштирокчиёни мусобиқотро ба худ ҷалб кард. Меҳмонон ва иштирокчиён дастархони пур анвоъи тоҷикиро дида, ба ваҷд омаданд ва аз нони серғизои зани тоҷик, меваҳои серобу болаззати деҳқони тоҷик, ҳалвову шириниҳои қанноди тоҷик мечашиданд ва лаззати беандоза мебурданд. Мусиқиҳои шўху форами тоҷикӣ садо медод ва иштирокчиён аз ҳар гушаву канори дунё кўшиш мекарданд ҳаракатҳоро такрор намуда, рақси тоҷикиро аз худ намоянд.

Дар таърихи 11 октябр лаҳзаи хотирмон, яъне ҷамъбасти мусобиқот эълон гардид, ки дар он ба навбат ҳар як дастаро ба саҳнаи калон даъват карда, муаррифӣ намуда, барои заҳмату меҳнатҳои шабонарўзиашон сипосгузорӣ карданд. Ҳайати дастаи “Энакутус”-и донишкада бо медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

Бо ҳамин чорабиниҳо дар шаҳри Сан-Хосе хеле шавқовару хотирмон ба анҷом расиданд.

Рўзи 12 октябр даста боз ба роҳ баромада, ба шаҳри Лос-Анҷелес расид. Дар ин шаҳри бузурги саноатӣ якчанд конфронсу чорабиниҳои дигар зери лоиҳаи Ҷоми Ҷаҳони Энактус-2018 шаҳр баргузор гардиданд. Пас аз расидан ба шаҳри Лос-Анҷелес даста дар як хонае, ки пешакӣ ба иҷора гирифта шуда буд, ҷойгир шуда, ба чорабиниҳои рузҳои оянда таёрии ҳаматарафа дид.

Аз рўзи 13 октябр то 18 октябр дар шаҳри Лос-Анҷелес конфронсҳо дар мавзўъҳои бехатарии ғизоӣ, норасоии оби ошомиданӣ, зарурат ва сарфакорона истифодаи он, кам кардани истифодаи маводҳои пластикӣ ва дигар масъалаҳои муҳиме, ки СММ дар 17 ҳадафҳои рушди устувор ҳамроҳ кардааст, баргузор гардиданд.

Ғайр аз ин якчанд чорабиниҳои дигар, ки дар он аъзоёни даста фаъолона иштирок намуданд, дар ин шаҳр баргузор гардид. Яке аз чунин чорабиниҳо Сафирони ҳадафҳои глобалӣ буд, ки дар он донишҷўён перомуни чӣ гуна тариқи лоиҳаҳои худ мусоидат кардан ба 17 Ҳадафҳои рушди устувор, ки аз тарафи СММ коркард карда шудааст, суханронӣ намуданд. Дар ин чорабинӣ дастаро сардори он Анушервон Норов муаррифӣ кард. Анушервон Норов оиди мушкилоти 10-уми Ҳадафи рушди устувор суханронӣ намуд, ки он дар бораи кам кардани нобаробариҳо байни аҳолии курраи Замин мебошад.

Рўзи 18 октябр даста ба шаҳри Сан-Хосе баргашта, рўзи 19 октябр ба шаҳри Сан-Франсиско барои иштирок дар чорабинии Намоиши ҷаҳонии лоиҳа сафар кард. Дар ин чорабинӣ даста лоиҳаи ТаҷЛасро намоиш дод.

Рўзи 20 октябр дастаи Энактуси донишкада сафари бобарору пурманфиати худро анҷом дода, соати 21:25 дақиқа аз фурудгоҳи шаҳри Сан-Хосе парвоз кард, то ба Тоҷикистони азиз баргардад.

Дастаи “Энактус»-и донишкада Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ намуда, Парчами Ҷумҳурии азизамонро парафшон намуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ обрўю эътибори кишвари азизамонро боз ҳам баландтар бардошт.

Ҳайати дастаи “Энактус”-и донишкада барои дастгирии моддию маънавӣ ба раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» самимона арзи сипос менамояд.

Нуъмон Раҷабзода,
Абдувалӣ Акбарзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *