ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ – САРЧАШМАИ ИФРОТГАРОӢ

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз намояндагони руҳониён дар мавъизаю суханрониҳояшон аз таассуби динӣ ва ноогоҳӣ арзишҳо, урфу одати миллиро зери суол бурда, гузаштаи дурахшону пурифтихори халқи моро, ки таърихи чандҳазорсола дорад, инкор мекунанд. Ин гурӯҳ бо пиндорҳои пӯч то ҷое дар ин кор пешрафт карда буданд, ки асосан хурофаро расмият мебахшиданд, кӯшиш менамуданд, инсонҳо дар нодонию ноогоҳӣ ба сар баранд. Барои онҳо ҳамеша дорои аҳамият буд, то мардумон дар нодонӣ таваҳҳумзадагӣ боқӣ бимонанд. Табиӣ аст, ки дар чунин маврид онҳо худ дар гирдоби хурофот ғуттаваранд. Дар ин гуна ҷомеаҳо бештар донишҳои ғайриилмӣ, боварманд ва хурофазада мавриди таблиғ қарор дода мешавад ва афроди ин ҷомеаро чунин бовар мекунонанд, ки онҳо шоиста ба ин навъи зиндагианд ва ин дар сарнавишти онҳо будааст. Дар ин навъи ҷомеа дар ҳеҷ аз умури инсонӣ озодӣ ва ҳаққи интихоб вуҷуд надорад. Ин тоифа гуруҳҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ дурӯғ мегӯянд, тақаллуб мекунанд ва бадтарин ва кабеҳтарин ҷиноятҳоро анҷом медиҳанд, аммо ҳеҷ гоҳ ин амалкардаҳои ваҳшонияти худро навъе аз ҷиноят намедонанд ва гӯё чунин вонамуд месозанд, ки ин ҳамаро ба хотири ризояти офаридгор анҷом медиҳанд. Маҳз ҳамин табақа бо суиистифода аз эҳсоси динии ҷавонони ноогоҳ, дар ҷараёни таълимоти худ, онҳоро нисбат ба гузаштагони худ, дар руҳияи бадбинӣ ба арзишҳо, суннатҳо ва урфу адати миллии мо тарбият карда, ин арзишҳоро барои як мусалмон нолозим ва ғайри қобили қабул муаррифӣ мекунанд. Метавон қайд кард, ки воқеан яке аз ҳадафҳои ин гуна таълимот мағзшӯии ҷавонон, ташаккули афкор ва зеҳни зидди миллию давлатӣ мебошад. Мутаассифона, имрӯз волидоне ёфт мешаванд, ки фарзандҳои худро назди ҳамин гуна ашхосе, ки аз аркони дини мубини Ислом бехабаранд, барои гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ мемонанд. Ин табақа аз оқибатҳои манфии он ноогаҳ буда, ҳатто дарк наменамоянд, ки дар аксар мавридҳо фарзандашонро ин нафарон ба кӣ ва чӣ табдил медиҳанд. Бинобар ин, таълимоти ғайриқонунии динӣ барои ҷомеаи мо аз он нуктаи назар хатарзо ва боиси нигаронӣ аст, ки аксари руҳониёне, ки ба ин таълимот ҷавононро мекунанд, худ маълумоти кофии динӣ надошта, ҷаҳонбинӣ ва зарфиятҳои илмии онҳо бисёр маҳдуданд. Раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда , асосан дар шароити ҳуҷраҳо ва манзили зисти рӯҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад.
Тибқи расонаҳои хабарӣ таи ду солҳои охир дар кишварамон беш аз 1833 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва пешгирӣ карда шудаанд. Нисбат ба 33 нафар падару модароне, ки фарзандонашонро барои гирифтани таълими ғайриқонунии динӣ сафарбар карда,барои рафтан ба мактаб монеа эҷод кардаанд, тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар чораҳои қатъӣ андешида шудаанд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки аз ҳисоби таълимдиҳандагони ғайриқонунии динии муайяншуда 13 нафар хатмкунандагони муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Аз шумораи умумии таълимдиҳандагон аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ – 1нафар, “Ихвон-ул-муслимин”-1 нафар ва “Салафия” – 1 нафар мебошад.
Бо назардошти воқеиятҳои ҷорӣ ва зарурияти ҳифзи амният, тақвияти арзишҳо, суннатҳои миллӣ, ба танзим даровардани таълимоти расмии динӣ чанде қабл ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид гардид. Дар ҳошияи ин тағйироту илова ба қонунгузорӣ, чанд асли муҳим ва қобили мулоҳиза ба назар расид, ки ба андешаи мо дар шароити бисёр ҳассоси сиёсии минтақаю ҷаҳон бояд аз пайомадҳои он огоҳ бошем. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва боло бурдани ҳаҷми ҷарима ва ҷавобгарии маъмурӣ барои касоне, ки даст ба таълимоти ғайриқонунии динӣ мезананд, як амали бисёр саривақтӣ ва зарурӣ дар амри ҳифзи амнияти милливу давлатӣ, инчунин ҳифзи арзишҳо, урфу одати миллӣ мебошад.
Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, метавон қайд кард, ки имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоламон тамоми замина ва имконот барои таълимоти расмии динӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ фароҳам шудааст. Бинобар ин ҷавононе, ки мехоҳанд таълимоти дуруст ва мукаммали динӣ бигиранд, метавонанд бе мамониат вориди ин таълимгоҳҳои расмии динӣ гардида, аз роҳи қонунӣ соҳиби маълумот ва таҳсилоти олии динӣ шаванд. Хулоса, мутахассис шуда, бо камоли огоҳӣ ва ҳисси масъулият, муҳимтар аз ҳама, шинохти дуруст аз арзишҳо ва урфу одати миллӣ ва исломии ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, шинохту эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ таълиму тарабият медиҳанд.

Ф.МАМАДҶОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *