ПАЁМИ РАЗИЛОН

Агар Паёми разилонаи Мухиддин Кабирӣ, собиқ роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ки бахшида ба фарорасии Иди Фитр бодиққат гӯш кунем, дар назари аввал ӯ худро ҳамчун мусичаи бегуноҳ нишон медиҳад, нафаре, ки нисбати халку ватанаш бетараф нест, гӯё мехоҳад мушкилоти халқашро ҳал кунад. Лекин ба пайдоиши ин мушкилот ба монанди қашшоқии мардум, муҳоҷирати меҳнатӣ, маҳдудияти озодӣ, фақат ҳукумати ҳозираро гунаҳкор мекунад. Ӯ намегӯяд, ки як вақтҳо собиқ роҳбарияту аъзоёни ҲНИ имкон доштанд, ки дар кишвар барномаҳои ҳалли мушкилоти мардумро тартиб дода, ба амал татбиқ намоянд. Аммо ба ҷои кори созандагӣ, ободонӣ, сулҳу салоҳ, режими фашистӣ ҷорӣ намуданд, дар байни мардум ҳисси инсонбадбинӣ, тухми кинаву адоват коштанд. Сабабгори ба вуҷуд омадани мушкилоти имрӯза ҳамон ҳукмронии беандешонаашон мебошад, ки халқи азияткашидаи кишварамон то ҳол таъсираш боқӣ мондааст.
Бояд қайд кард, ки дар ҳолати худро аз дигарон болотар, авлотар нишон додан ҳамаи суханҳо дар бораи озодӣ, демократия маънии худро гум мекунад. Озодию демократия фақат дар ҳолати ҷорӣ намудани принсипҳои диние, ки Имоми Аъзам муайян намуда буданд, маънии худро пайдо мекунад. Имруз собиқ аъзоёни ҲНИ худро Паймони миллӣ (ПМ) ном гузоштанд. Бо ибораи мардумӣ хар ҳамону полонаш дигар аст !
Имруз роҳбарияту аъзоён ва думравони ТТЭ ҲНИ – ПМ хизматгорони хоҷагони аҷнабӣ ҳастанду бо супориши онҳо роҳбарияти кишварро ба ҳамаи мушкилот айбдор карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ дурӯғ мегӯянд, тақаллуб мекунанд ва бадтарин ва кабеҳтарин ҷиноятҳоро анҷом медиҳанд. Аммо ҳеҷ гоҳ ин амалкардаҳои ваҳшонияти худро навъе аз ҷиноят намедонанд ва гӯё чунин вонамуд месозанд, ки ин ҳамаро ба хотири ризояти офаридгор анҷом медиҳанд.
Кабирӣ зимни баромади ифротиаш дар бораи қазияи Россияву Украина гап зада, мегӯяд ки ин мушкилоти умумиҷаҳонӣ аст ва мо қудрати ҳалли ин мушкилотро надорем. Лекин ӯ намегӯяд, ки сабабгори ин ҷанг муносибати фашистонаи бандериҳо ба халқи худ мебошад, ки онҳо аз наҳзатиҳо омӯхтаанд. Намегӯяд, ки ҳоло пушту паноҳи бандериҳо ва наҳзатиҳо як шудаанд, онҳо аз як охур хӯрок мехӯранд. Одамони бегуноҳро таҳқир кардан, шиканҷа додан, куштан, дар бочкаҳо дар зери гармои тобистон нигоҳ доштан, ҳамаи инро шумоён ба ДИИШ-иҳо омӯзондед. Давомдиҳандаи кори онҳо фашистони украинӣ мебошанд, ки монанди шумоён худро муборизи озодӣ, демократия меҳисобанд. Ин афрод низ ба мисли аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ПМ ба иҷрои бечунучарои ҳамаи фармонҳои хоҷагонашон тайёранд. Бояд ёдовар шуд, ки барои тайёр намудани иғво (провокатсия) дар шаҳри Бучеи Ҷумҳурии Украина, чӣ қадар одамони бегуноҳро кушта, сарбозони Россияро гунаҳкор карданд. Ба ҳар ҳол мо нисбат ба сиёсати дохилии кишвархои номбурда дахолат намекунем. Ба андешаи мо нисбати сиёсати дохилии кишварҳои номбурда, ҳар афрод бояд бо эҳтиёт сухан гўяд! Хуллас рафтору гуфтори Кабирӣ аз ҷиҳати сиёсиву фарҳангӣ дар ягон қолиб рост намеояд. Баробари ин, ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро, бахусус саркардагони роҳбарияту аъзоёни ҲНИ, ки ба даст силоҳ гирифта, ходимони давлатӣ олимонро бераҳмона ба қатл расониданд! Ҳамонҳое, ки амалҳои ғайриинсониро нисбати ҳамватану ҳаммиллати худ содир намудаанд. Умуман наҳзатиҳо ба арзишҳои милливу инсонӣ эҳтиром надоштанду надоранд ва барояшон арзишҳои маҳдуди мазҳабӣ ва хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Магар фаромӯш кардаанд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб ду даҳсола пеш боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд.Тасдиқи ин гуфтаҳо дар филмҳои ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Хиёнат” бо далелҳои раднашаванда исботу аён шудааст, ки ҳоҷат ба баён нест!
Хулоса, мо доир ба фаъолияти зиддидавлатии М. Кабирӣ ва пайравонаш бо санаду далел ва мисолҳои зиёде борҳо навиштаем. Имруз низ моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангез, ки имруз роҳбарияту аъзоёнаш дар кишварҳои паноҳ ёфтаанду бо номи “Паймони миллӣ” таввасути шабакаҳои ииҷтимои баромадҳои ифротӣ менамоянд ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои навбатии душманони миллат огоҳ созем.
И.ИБРОГИМОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *