ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ – ОМИЛИ ЗИЁДШАВИИ ИФРОТГАРОЁН

Тавассути расонаҳои хабарӣ мо аз вазъияти имрӯзаи ҳамсоякишвар Афғонистон бохабар ҳастем,ки ин ҳолат ҳамаро нигарон кардааст. Доир ба ин масоил мо борҳо андешаҳои хешро иброз дошта будем.Вобаста ба ин ҳолат омилҳо мавҷуданд, ки яке онро мо мисол меорем. Таҳлилҳо собит менамояд, ки яке аз сабабҳои зиёдшавии теъдоди ифротгароён таълимоти ғайриқонунии динӣ мебошад. Масалан, имрӯз дар Покистон қариб 50 000 мактабу мадрасаҳо фаъолият доранд, ки гӯё ба наврасону ҷавононтаълимоти динӣ медиҳанд.Вале дар асл тибқи равияву ҷараёнҳои экстремистӣ, аз онҳои ифротӣ тайёр мекунанд. Баробари ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол гардидани таълимоти ғайриқонунии динӣ низ ба қайд гирифта шудааст.Бояд ба назар гирифт,ки дар аксар табаддулоти дар кишварҳои гуногун рухдиҳанда қисми бештари иштирокчиёнро ҷавонони 16-18 сола ташкил медиҳанд. Бинобар ин,зери ниқоби “таълими динӣ” ҳамчун ифротгаро тарбия ёфтани наврасону ҷавонон хатар дар ҷомеа мебошад.
Бояд зикр кард,ки дар солҳои охир тедоди ҷавононе, ки таълими ғайриқонунии динӣ нисбатан коҳиш ёфта бошад ҳам, мутаассифона, то ҳол он ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таасубу хурофот,радикализими динӣ ва моилсозии ҷавонон ба сафи гурӯҳу созмонҳои террористию экстремистӣ боқӣ мемонад. Масалан дар солҳои 2029-2020 ва нуҳ моҳи соли 2021 ҳамагӣ дар кишвар 1833 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва пешгирӣ карда шудааст. Аз ҳисоби таълимдиҳандагони ғайриқонунии динии муайяншуда 13 нафар хатмкардагони муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Нисбат ба 33 нафар падару модароне, ки фарзандонашонро барои рафтан ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ монеа эҷод карда, барои гирифтани таълими ғайриқонунии динӣ сафарбар карда будан дар асоси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда буданд. Бинобар ин падару модаронро зарур аст,ки фарзандонашро назорат намоянд, ки онҳо ба чӣ кор машғуланду чӣ мехоҳанд?.Баробари ин бояд ходимони дин, имомхатибҳои масҷидҳои маҳаллаҳои шаҳру ноҳияи кишвар ба ин масоил эътибори ҷиддӣ диҳанд. Зеро дар ҳоли ҳозир эҳсос мешавад, ки ташкилотҳои иртиҷоии ба ном ислоҳталаб ба монанди ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ, Гурухи 24 ва ғайраҳо барои мағзшуии ҷавонони муҳоҷири мо барномаи махсусеро рӯи даст гирифтаанд. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардидани барномаҳои сар то муғризонаю тарғибгари ғояҳои ифротӣ моро вазифадор месозад, ки дар самти ҳамкории густурда бо волидайни муҳоҷирони меҳнатӣ ва робитаи мустақим доштан бо ин қишри осебпазири ҷомеа ҳамкории судманд дошта бошем.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *