АЗ КАСОФАТИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ ХУДРО ЭМИН БОЯД ДОШТ!

Вобаста ба мушкилота аср ва тахдидҳои нав ба тамадуни башарӣ омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд, ки ҷавонон таҳти таъсири ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ қарор мегиранд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Чунин раванд омили ба вуҷуд оварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат ҷараён доранд. Ин мушкилот дар маҷмӯъ, боиси он мегардад, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва фурсатталаб аз вазъияти ҷойдошта истифода мекунанд. Масалан, тибқи маълумоти расмии мақомоти қудратии кишвар беш аз 300 нафар ҷавонони тоҷик дар кишварҳои Сурия ва Ироқ ҷангида, дар натиҷа беш аз 80 нафарашон ҷони худро аз даст додаанд. Баробари ин бояд қайд кард,ки тибқи хабаргузории “Интерфакс”-и Федератсияи Русия бо такя ба маълумоти мақомоти курд беш аз 150 ҷангҷӯйи гурўҳи тундрави Давлати исломии Ироқу Шом-ро дастгир кардаанд ва дар он беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ шудаанд.Бояд қай кард, ки нисбатан ба эътидол омадани афзои Сурия ва Ироқ бархе гуруҳҳои терррористӣ аз қабили ДИИШ ва Ал-Қоида ба Афѓонистон ва кишварҳои Аврупо паногоҳ ёфта,фаъолияташонро ба роҳ монда бархе ҷавонони кишвари моро гумроҳ кардаанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки тибқи расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Туркия, санаи 14-уми апрели соли 2021 дар як амалиёти махсус бо гумони ҳамкорӣ бо гуруҳи тундрави ДИИШ 11 нафар боздошт шудаанд ва дар байни боздоштшудагон, як афроде бо номи Солеҳ Солиеви 31 сола аст, ки он зодаи Тоҷикистон мебошад. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот менамояд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст.Бинобар ин ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.
Мо ҳама омӯзгорону падару модарон дар ҳамкорӣ бояд ҳамарӯза ва ҳамавақта ба ҷавонону наврасон таълим диҳем, ки аз касофати ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ худро эмин нигоҳ доранд.

М.АХМЕДОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *