МО –ҶОНИБДОРИ ЭҲЁИ СУЛҲУ СУБОТИ ПОЙДОР ДАР АФҒОНИСТОН!

Мусаллам аст, ки вазъи ҷаҳони имрӯза, бахусус кишварҳои мусулмоннишин хеле мураккаб ва осебпазир гардидааст. Расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ ҳар рӯз аз содир шудани амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ да он кишварҳо, бахусус Афғонистон, иттилоъ пахш менамоянд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки дар ҷаҳони муосир технологихои сиёсӣ бунёд мегарданд, ки аз ҷонибит хадамоти махсуси бархе кишварҳои манфиатҷӯ маблағгузорӣ мешаванд. Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд, ки арзишҳои дини мубини исломро ба ҳадафи геополитикӣ истифода намуда,вазъи иҷтимоӣ-сиёсии кишварҳои мусулмонниро ноором гардонанд. Дар робита ба ин, андешаи собиқ Канслери Федералии Олмон Ангела Маркелро мисол овардан бамаврид аст, ки зимни яке аз суханрониаш қайд кардааст: “кишварҳои Ҳинд ва Чин рӯи ҳам дувуним миллард аҳолӣ доранд, 150 Худо ва 700 ақидаи гуногун доранд ва дар сулҳ зиндагӣ доранд. Аммо мусулмонон як дин ва як китиб доранд… , хиёбонҳояшон сурх шуда, аз хуни якдигар! “
Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мо дар мисоли Сурия, Ироқ ва бахусус дар Афғонистон мебинем. Бояд қайд кард, ки баъд аз шикаст хурдани Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар кишварҳои Сирия ва Ироқ ҷонибдорони онҳо бо истифодаи манфиатҳои геополитикӣ бархе аз давлатҳо ба кишвари Афғонистон маскан гирифтаанд. Дар замони суқути ҳаракти “Толибон”миқдори муайяни ҷангҷӯёни ДИИШ аз зиндонҳо озод шуданд. Имруз дар Афғонистон ДИИШ 40 ҳазор ҷангҷӯ дорад, ки ду ҳазор нафари онҳо хориҷӣ ҳастанд. Алҳол дар ин кишвар беш аз 20 гуруҳҳои террористӣ фаъолият доранд.Тибқи расонаҳои хабарӣ дар давоми соли 2021 дар қаламравӣ Афғонистон беш аз 17 ҳамлаи террористӣ ба қайд гирифта шудааст.Дар натиҷаи таркишҳо дар пойтахти кишвар шаҳри Кобул, Нангарҳор, Парвон, Кунар ва Кундуз тақрибан 600 нафар осеб дидаанд. Бояд қайд кард,ки дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст.Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.
Дар иртибот ба ин, Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарини созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ оид ба масъалаи пешгирии терроризиму экстремизм, алалхусус ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузоштаанд. Баробари ин, аз суханрониҳои Сарвари кишвар иқтибосҳо оварда, қайд менамоем, ки имруз вақти он расидааст, ки сиёсатмадорон, роҳбарони ҳамаи ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ, аҳли зиё, шахсиятҳои обрӯманд ва кулли сокинони ин кишвар сарҷамъ шаванд, Ватан, давлат ва миллати худро аз нооромиву парокандагӣ наҷот диҳанд. Мо ин суханҳоро аз таҷрибаи талхи солҳои 90-уми асри гузаштаи таърих халқи Тоҷикистон мегӯем. Зеро яке аз сабабҳои асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо маҳз талоши баъзе сиёсатмадорон ва роҳбарони як қатор ҳизбу ҳарактҳои сиёсӣ барои курсиву мансаб буд.Дар он айёми фоҷиабор қариб буд,ки давлати тоҷикон нест гардида, миллати тоҷик пароканда шавад. Бинобар ин, кишвари мо ҳамчун ҳамсояи наздик ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ва эҳёи сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар мебошад. Дар фарҷоми андешаи хеш аз суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос меорем: Бо итминон изҳор медорам, кеи ин рӯзҳои сахти мардуми Афғонистон абадӣ нестанд ва умед дорам, ки дар Афғонистон оқибат ақли солим пирӯз шуда, дар ин кишвари ҳамсоя сулҳу оромӣ барқарор мегардад ва мо бо ин давлати ҳамсояву дӯстӣ худ робитаҳои ҳамаҷонибаро тақвияту тавсеа мебахшем.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *