АЗ ДАСИСАБОЗИИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ОГОҲЕМ!

Мо имрӯз дар кишаври соҳибистиқлол дар як фазои тинҷию оромӣ, сулҳу ваҳдат, дӯстиву бародарӣ ва хотир ҷамъ умр ба сар бурда истодаем. Вале, мутаассифона, дар ҷомеа имрӯза аз афроди ношукру хиёнаткор ва думанони миллату давлат холӣ набудааст. Чунончӣ аъзоёни ТТЭ ҲНИ, Гурӯҳи 24, равияҳои ифротӣ, аз қабили салафияву ваҳҳобия, ихвониву таҳрирӣ ва ғайраҳо. Роҳбару аъзои гуруҳи зикршуда, аз ҷумла, Кабирию Муҳаммадиқбол ва Беҳрӯз бештар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо навбат баромад намуда, бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ намехоҳанд, ки Тоҷикистони биҳиштосо рӯ ба беҳбудӣ ораду мардумаш оромона зиндагӣ умр ба сар баранд. Ин душманони миллат барои расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамоянд. Мақсади дигари муассисону мубаллиғони ин созмонҳо дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад. Ин гурӯҳу равияҳои зикршуда барои ба даст овардани сарвату маблағи муфт тайёранд миллату давлати худро ба ночизтарин маблағ фурӯшанд. Онҳо нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ба ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар коре надоранд. Корашон кофтукоби айби касон аст, яъне танҳо тӯҳмату ғайбат!
Бори дигар хотиррасон бояд кард, ки дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар партави роҳбарии хирадмандонаи Ҳукумати кишвар, бо сарварии Президенти мамлакат ноил гардидааст, ҳеҷ фарди солимфикру боинсоф инкор карда наметавонад. Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чӣ бештар саҳмгузор бошанд. Дар баробари ин бояд тазаккур дод, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли 30 сол хело зиёданд. Тахлилҳо собит менамояд, ки дар ин давра ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд. Танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид. Дар замони истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3–5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд. Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. Дар ин ҷода, дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад. Барои татбиқи стратегияву барномаҳои мазкур дар бист соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 174 миллиард сомонӣ равона гардид. Хулоса ин гуна мисолҳо хеле зиёданд.
Дар фарҷоми андешаи хеш , бо боварии комил метавон қайд кард, кулли мардумони Тоҷикистон, ки 30 солагии Истиқлоли давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хоса бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтем. Идомаи мантиқии ин корҳои наҷиб ин аст, ки мо бояд бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрати хешро сафарбар хоҳем намуд. Бо баробари ин моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони гуруҳу равияҳои фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз дасисабозии душманони миллат огоҳ созем.

Р.МАНОНОВА ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *