Тафриқаву ҳарзаргӯиҳо бас аст!

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва фароҳам будани шароити мусоид ҷиҳати озодии баён тамоми мардуми кишвар ба воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доранд. Ин омилест, ки бояд арҷгузорӣ шавад, зеро дар аксар кишварҳои олам, ҳатто давлатҳои ба истилоҳ «гавҳораи демократия» дар ин самт маҳдудиятҳо зиёданд.
Ба мӯҳтарам сарварони ҲНИ муроҷиат карданӣ ҳастем, ки барои чӣ ин қадар худашонро азият дода ҳарзагӯиҳо мекунанд. Охир “Он чӣ, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест”-ку! Мо ҳам дигар сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонем, медонем, кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ. Пеш аз он, ки Ҳукумати кишварро сиёҳ кунед, боре фикр кунед, ки худи Шумо дар давоми фаъолиятатон барои ободии кишвар чӣ кор кардед, чӣ ҳунар нишон додед?! Бас аст акнун, дигар барои халалдор кардани оромии кишвари тинҷу осудаамон кӯшиш накунед, беҳтараш дар пайи ислоҳи худ бошед, кӯшишро баҳри он кунед, ки халқ аз гуноҳи Шумо гузарад.
ҲНИТ имрўз  берун аз кишвар  бо  дастуру  супоришҳои  ғаразмандона  ва хиёнаткоронаи   хоҷагони худ   кўшиш дорад бо ҳаргуна ташвиқу тарғиб ва ҳадафҳои сиёҳу нопок   Тоҷикистонро дубора  ноамн созанд.  Намояндагони ҲНИТ  Шумо ҳаргиз ба мақсадҳои нопоки худ нахоҳед расид. Шумо ватанфурўшони ватангадо Тоҷикистони орому осударо дидан намехоҳед.  Ҳисси ватандўстиву худшиносиятонро низ фурўхтаед. Магар инсон барои ватани худаш хиёнат мекунад?   Шумо шармандагиеро асос гузоштед, ки таърих дар давоми чандин даҳсолаҳо ёд надорад. Бо ҳисси ҷоҳталабиву мансабпарастӣ ҳатто ҳаёти  инсонҳои наздики худро низ фикр намекунед. Ватанро барои бегонагон ба чанд пул фурўхтед маълум нест,  аммо хеле арзон ба фурўш мондаед. Шумо Тоҷикистонро ба кишвари террористдор табдил додаед.  Агар Шумо ва тарғиботи сиёҳи Шумо намебуд, магар касе ба ҷанги Суриё мерафт?   Ҳадафҳои  давлатро ба давлати исломӣ табдил додани Шумо ҳаргиз амалӣ нахоҳад шуд ва Шумо нопокони таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳеч вақт ба мақсад нахоҳед расид.  Шумо як мушт афроде ҳастед, ки барои манфиятҳои худ бузургтарин арзишҳоятонро мефурўшед. Аслан арзишҳо ба Шумо бегона аст. Касе, ки арзишро мешиносад пеш аз ҳама арзишҳои милливу  давлати худро мешинохт.  Шумо як  гурўҳ намонядагони  хурофотпарасту  ҷоҳталаб  бо ҳаргуна  тасмимҳои ғаразмандона наметавонед, боварӣ ва эътимоди мардуми тоҷикро бишканед.   Имрўз халқи тоҷик дуруст дарк карда, ки Шумо ягона душмани кишвар ҳастед ва аз паси Шумо рафтан хиёнати нобахшидани барои миллату давлат мебошад.  Муҳиддин  Кабирӣ, ки бо сафсатаву ваъдаҳои дуруғ як гуруҳ одамони бесавод ва хурофотпарастро сарҷамъ намуда, хиёнати худро давом дода истодааст, дар таърихи навини тоҷик хиёнаткортарин тоҷик ба шумор меравад.

Каримов И.И.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *