Бо тақлидҳои кӯр-кӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ наравед!

Мо бояд пеш аз ҳама фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа билхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.
Вазъияти фазои динии ватанамон ба ба ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.
Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума шуда, дар дастраси мардуми мусулмони кишвар қарор дода шуд. Аз ҷумла тарҷумаи Қуръони Карим ба теъдоди хеле зиёд таҳия шуда, ба таври ройгон пешкаши мардуми мусулмони Тоҷикистон карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбари СММ оид ба покии дини муқаддаси Ислом суханронӣ намуда, нисбат додани тероризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ба ин дини муқаддасро бо қотеият рад намудааст.
Имрӯз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст.
Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатии мо-ҳанафия мебошад.
Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.
Бо боварии комил аз минбари баланд гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ  ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.
Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиниву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *