Вақтҳои охир аз тариқи матбуоти даврӣ огоҳ шудем, ки ташкилоти мамнӯъи бо ном “Ҳизби наҳзати ислом” дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва баъдан ҳам нияти табаддулот карданро доштаанд. Барои амалӣ шудани ин ҳадафашон ба онҳо аз хориҷа баъзе кишварҳои абарқудрати минтақа низ ёрии моддӣ ва маънавӣ мерасонидааст.
Имрӯзҳо аз ҳаргуна шабакаҳои интернетӣ фикру ақидаҳои гуногун оиди ҲНИ баназар мерасад, ки баъзе гумроҳшудагон ин ташкилотро то ҳол пуштибонӣ мекунанд. Вале онҳо инқадар бемағзу ғуломтабиат шудаанд, ки то ҳол бо фикру андешаҳои бегонагон ва бадхоҳони миллати халқи тоҷик ақидарони менамояд. Чунки табиати ғулом ин танҳо иҷрои амри хоҷаи худ аст, хоҳ он ба манфиати халқ бошад, хоҳ ба зиёни халқу миллат дигар иродаи худро надорад бояд иҷро намояд.
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Имрўз дар Тоҷикистон фазои сулҳу осоишта фароҳам омада мардум ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкораи худ кўшиш ба харҷ оварда истодааст, ки фазои онро боз ҳам осоиштатар гардонад. Бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакат ба сўи ояндаи дурухшону босаодат раҳсипор аст. Имрўзҳо боз ҳам дурўғгўии аъзоёни собиқ ҲНИ ҳамарўза дар ВАО интишор гардида, симои аслии онҳоро байни ҷомеа нишон дода истодаанд.
Чи хеле, ки ба мо маълум аст, соли 2015 мардуми шарафманди Тоҷикистон ҲНИ-ро дар асл фамиданду оқибати онро дарк карданд. Аъзои ҲНИТ зина ба зина сафи тарафдорони худро дар мамлакат бисёр карда, мақсади пароканда кардани давлати соҳибистиқлоламон ҳаракатҳо мекарданд. Ба мисли амалҳои нангини собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даст ба қушиши табадуллот задааст.