Тафриқаандозӣ ва ифротгароии ТТЭ ҲНИ ошкор шуд

ТТЭ ҲНИ дар Осиёи Марказӣ ягона ҳизби хислати динидошта ба шумор мерафт, ки мақсади асосии он исломигардонии ҷомеъа буд. Вале онҳо ношукри аз соҳибистиқлоли ва тинҷию оромӣ дар Тоҷикистон карда, мехостанд, ки солҳои 1992-ро бори дигар дар Ватани худ такрор намоянд.

Аммо ҳамаи мо тавассути васоити ахбори омма медонем, ки собиқ ҲНИ бо роҳбарии М. Кабирӣ ҳангоми ба таври расмӣ фаъолият доштанаш чи мехост ва кадом амалҳоро ба сари мардуми тоҷик овардани буд! Аз тарафи кадом давлат мавриди маблағгузори қарор гирифта, супориши кадом давлатро иҷро мекард.

Дар ин росто қайд кардан ба маврид аст, ки дар давраи солҳои 1991 то 1997 дар Вазорати Адлияи ҶТ ва ҷузъу томҳои минтақавии он 8 ҳизби сиёсӣ (ҲКТ, ҲНИТ, ҲДТ, Ҳизби сиёсӣ ва барқароркунии иқтисодӣ, Ҳизби халқи, Ҳизби ягонаи халқи, Ҳизби ба шаҳрвандон содиқ, (граҷданско-патриотическая партия) ҲСТ ва ҳизби адолатхоҳ), 7 ҳаракатҳои сиёсӣ-ҷамъияти ба монанди «Лаъли Бадахшон, Растохез, Ориёнои бузург, Шӯрои таҷаддуди халқи (Совет наӣионалҳного возраҷдения), Таҷаддуди халқи ва ягона, инчунин 430 ҷамъиятхои гуногун ба қайд гирифта шуда буданд. Дар асоси пешниходоти Прокуратураи Генералии ҶТ соли 1993 бинобар сабаби риоя накардани оинномаҳои ҳизби, ба қонунвайронкуниҳо роҳ додани бархе аз роҳбарон ва аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳо бо Қарори Суди Олии ҶТ фаъолияти ҲНИТ, ҳаракати «Лаъли Бадахшон, ва «Растохез» манъ карда шуда, бо хулосаи баъзе органҳои марбута соли 1995 фаъолияти онҳо боз аз нав барқарор карда шуд.

Аз воситаҳои ахбори омма бармеояд, ки М.Кабирӣ аслан оиди муҳоҷирони тоҷик суханронӣ намуда, мехоҳад, ки мавқеи худ ва собиқ ҳизбашро дар байни онҳо пурзур намояд. Имрӯзҳо мо дар сомонаҳои интернети мехонему тамошо мекунем, ки М.Кабирӣ аз мавқеи хориҷа истода, ҳамчун «ватанфурӯш» бар зидди давлатдории Тоҷикистон, ки сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатамонро дигар кишварҳо омӯхта, дар кору зиндагиашон мавриди истифода қарор дода истодаанд, зери суоли танқид кашида истодааст. Аммо, халқи баору номуси миллати тоҷик ин гуфтаҳои хоинонро паси сар карда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат бо меҳнати ҳалол зиндагиашонро пеш бурда истодаанд.

Агар нисбати М. Кабирӣ гуфтани шавем, мо медонем, ки ӯ ҳамчун соҳибкор ба ишқи пулу мол рафта, чунин шахс метавонад дар як лаҳза Модар-Ватани худро фурӯшад. Чунин шахсиятҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд.

Шогирдонашон аллакай ҳосили боғи «мурид»-иро дар «размгоҳ»-ҳои Сурия чида истодаанд. Аз ин ҷост, ки пайдо кардани «раҳбаре мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонҳо» орзуест, ки ҳаргиз ҷомаи амал ба бар нахоҳад кард. Бори дигар ва такроран гуфтаниам, ки вақте дар асри 21 моро бо ғояҳои давраи тавлиди Ислом пеш бурданӣ мешаванд, дигар чӣ метавон гуфт? Ин роҳ танҳо сӯйи ҷаҳолат асту торикӣ.

Аз ин ҷост, ки М. Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, М. Ҳайит, Саидумар Хусайнӣ ва дигарон, ки айни ҳол намаки маҳбусиро мечашанд, мазҳаби худро бар ивази маблағхои муайян фурӯхта, маҳз бо дастгирии молиявии Ҷумҳурии исломии Эрон мехостанд, ки дар Тоҷикистон табадуллотро роҳандозӣ намуда, сохти конститутсиониро фалаҷ гардонанд.

Аммо, ҳушёриву зиракии мардуми ба ору номуси миллат, ва дигар сохторҳои қудративу низомӣ боиси пешгирии ин кирдори нангин гашт.

Раҷабов Раҷабмуҳаммад,
Саидов Муродҷон,
устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *