Суистифодаи Ҳизби наҳзати ислом аз дини ислом

Чуноне, ки ба хамагон маълум аст, собик хизби нахзати исломи Точикистон, хозира ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ дар замони Иттиҳоди  Шуравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис ёфтааст. Созмони экстремистии «Иҳвон-ал-муслимин», яъне бародарони мусулмон ба таври махфиёна амал мекард. Мақсад ин барпо намудани давлати Халифат дар Тоҷикистон буд.

Пас аз фаъолияти бисёрсолаи худ ҳизби наҳзати ислом мақсадҳои аслии худро ошкор намуд, ки ин дар шаҳрвандон бедор кардани ҳисси бадбинӣ, кинаву адоват нисбати ҳукумати қонунии Тоҷикистон буд. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нанагу номуси миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурданд. Аз 26 октябри соли 1991 Анҷумани муассисони хизб ба таври расмӣ баргузор шуд ва солхои 1991-1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористӣ мебурд. Хизби мазкур баъд аз шикасти сахт хурдан дар шахри Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод моҳи декабри соли 1992-1993 дар ноҳияҳои минтақаҳои Ғарм чойгир шуданд. Дар он ҷой мардумро бо роҳи зуроварӣ ба худ ҷалб мекарданд. Гуё ба ном тартиботи исломиро ҷорӣ мекарданд. Дар ин минтақа 14 феврали соли 1993 яке аз мубаллиғони низоми исломӣ домулло Саъдидин С.Т. Рустамовро роҳбари созмони навтаъсиси Шурои инқилобии исломии ноҳиявии Ғарм таъин намуданд. Роҳбарони ин гурӯҳ онҳоро ба ҷиҳод – ба муқобили ҳокимияти қонунӣ даъват намуданд.

Дар матбуот ва масчидҳо баромад намуда, аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон даъват менамуданд. Ин созмон бисёр ҷиноятҳои вазнин содир намуд. Рохбарони созмони ин ҳизб, яъне ҲНИ оқибат шикасти сахт хурда, ба Афғонистон фирор карданд. Моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуданд, ки ба ҳайати он намояндагони ҲНИ шомил буданд. Аз солҳои 1992-1997 ҲНИ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон амал намуданд. Дар муддати ин солҳо борҳо бо сарҳади Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона бурданд. Лекин бо ташаббуси марзбонони Ватани азизамон онҳоро нагузошт то ба мақсади нопоки худ бирасанд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуд. Раиси собиқи ҲНИ  М. Ҳимматзода мақсаду мароми ҳизбро чунин баён намудааст: «Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ барои иҷрои вазифаҳо дастраси мо мешуданд, ба роҳ  монда шудааст». Инчунин донишҷуёни хориҷӣ кумак мекарданд. ҲНИ симои худашро тавассути узви фаъоли он Мулло- Абдурахим Каримов ошкор гардонида буд. Яъне ҲНИ аз фаъолияти пинҳонӣ ба фаъолияти ошкоро гузашт. Мутаассифона, бисёре аз аъзоён ва роҳбарони бахшҳои ҲНИ, аз ҷумла, дар бораи барномаи сиёсии пинҳонии ҲНИ огаҳӣ надоштанд. Аслан ҳизб барои Ислом бегона аст. Бунёд  кардани ҳизби исломӣ, ки 99 фисади аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, худ тафриқа андохтан миёни мардум мебошад. Тамоми руҳониёни машҳури тоҷик ҲНИ-ро қабул надоштанд, намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳобӣ донистанд. Фаъолияташро номаъқул ҳисобиданд. Аммо ҲНИ ба иродаи мардуми мусулмон ва руҳониёни мазҳабӣ нигоҳ намекард. Бо кумаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд. Боз маротибаи дуюм хамчун хизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудани ҲНИ аъзоёни он бисёр ҷиноятҳо содир намуданд, ба амалҳои террористӣ даст мезаданд.

Хуллас, мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутобиқи моддаи 4-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онҳо ба терроризм, зуроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ равона гардидааст ё маҳалгароӣ ва диниро ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Роҳбари ҲНИ ҳоло дар хориҷи кишвар қарор доранд. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслақонаш хиёнат ба Ватан, хиёнат ба модар, хиёнат ба мазҳаби Ҳанафӣ, хиёнат ба дини мубини Ислом намуданд. Дини мубини Ислом пайравонашро ба Худопарастӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандустӣ, дустиву рафоқат даъват менамояд. ҲНИ ягон робитае бо дини мубини Ислом надорад, баръакс ҳамаи корҳояшон мухолифи фармудаҳои китоби муқаддаси мусалмонон «Қуръон» буд. Мардумро бо роҳи фиреб дар бемористонҳо аъзоҳояшон рафта, бо ҳар роҳу восита ба ҲНИ аъзо мекарданд. Намоз хондан  нахондан муҳим нест, муҳим он аст, ки аъзои ҳизб бошӣ шуд. Дар интихоботҳо номи Исломро хат назанед, ки кофир хоҳед шуд. Аз ин маълум мегардад, ки мақсад як то-муқобили Ҳукумати қонунии ҶТ. Исломи азиз дуруғу фиребу иғвогариро намеписандад.

Хушбахтона 29 сентябри соли 2015 аз чониби Суди Олии ҶТ аризаи прокурори генералии ҶТ қонеъ гардонида шуда, ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд. То имруз руҳониёни исломии асил ҲНИ-ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд.

Мо, зиёиён, аҳли устодону профессорони кафедраи Тиҷорат ва ҳуқуқи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, аз сидқи дил фаъолияти ғайриқонунии Ҳизби наҳзати исломро маҳкум намуда, ҳамагонро ба ваҳдати миллӣ, дустиву рафоқат, сулҳу осоиштагӣ дар партави сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои гулгул шукуфоии Тоҷикистони азизи мо кушишҳои зиёде ба харҷ додаанд, даъват менамоем.

Бойматова Дилобар,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *