¶ 1 Leave a comment on paragraph 1 0 9 сентябри соли ҷорӣ ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати исломӣ” (ТТЭ ҲНИ) якҷоя бо се созмони камошно, аниқтараш маҷозӣ (виртуалӣ) – Анҷумани озодандешони Тоҷикистон, Ҳаракат барои рушд, Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо оид ба созмон додани ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” дар пойтахти Полша шаҳри Варшава эълон доштанд, ки роҳбари он саркардаи ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ интихоб гардид.
¶ 2 Leave a comment on paragraph 2 0 Ҳамаи се созмонҳои номбаршуда на қувваи воқеии сиёсӣ, на заминаҳои иҷтимоӣ, на ягон дастгирӣ аз тарафи аҳолӣ доранд. Яъне шарикони номбурдаи ТТЭ ҲНИ танҳо дар коғаз вуҷуд доранд, ягон аҳамияти воқеиро доро нестанд ва ягон чиз ғайр аз парда барои ТТЭ ҲНИ аз худ зоҳир намекунанд. Аз дигар тараф мақсад ва вазифаҳои “Паймони миллии Тоҷикистон” аз барномаҳои ҲНИ гирифта шудааст.
¶ 3 Leave a comment on paragraph 3 0 Ба ёд оред, ки онҳо суханҳои “ҳифзи сохтори демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон, ташкил ва фароҳам овардани шароитҳо барои ба ҳар нафар баргардонидани ҳуқуқ ба озодии сухан, ақида, виҷдон, ҷамъомад ва иттиҳодияҳо”-ро ниқоб намуда, кирдорҳои нопоки худро амалӣ менамуданд. Яъне бо амалияи хунин ба тағйири сохтори давлатӣ, ташкили давлати исломӣ, ҷорӣ намудани тартиботи шариатӣ дар Тоҷикистон машғул буданд. Барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ аз ягон воситаю усулҳои зиддиинсонӣ рӯй наметофтанд. Дар гирдиҳамоиҳои майдонҳои шаҳри Душанбе рӯирост мардумро ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, барҳам додани давлати қонунӣ даъват мекарданд. Дар бозорҳо ва мағозаҳо тартиботи рэкет ҷорӣ намуданд, яъне бо зӯрӣ гирифтани молу мулки мардум. Ҷангиёни ТТЭ ҲНИ дар минтақаи кӯҳии шарқи Тоҷикистон ҷумҳурии худро таъсис доданд. Собиқ узви ТТЭ ҲНИ Иззатулло Саъдулло мегӯяд, ки дар соли 1993 дар минтақаи Рашт давлати хурди “Ҷумҳурии Исломии Ғарм”-ро ташкил додаанд. Дар он бо фаҳмиши наҳзатии худ тартиботи ифротиро ҷорӣ намуданд. “Президенти” ин давлатӣ исломӣ узви шӯрои сиёсии ҲНИ Саъдиддини Рустам ва “”вазири мудофиа”-и он қумандони хунхор Ризвон Садиров эълон гардиданд. Аввалин дастурҳои ин давлати худэълон чунин буданд – манъи баромадани занон аз хона, дарозии риши мардон на кам аз 4 ангушт, манъи рафтани духтарон ба мактаб, даъвати ҳатмӣ ба хизмат, ду муҷоҳид аз ҳар оила, ба ихтиёри ҷангиён додани захираи озуқавории мардум, манъ кардани мусиқӣ дар ҷашнҳо ва ғайра. Дастуру фармонҳои халифаи “ДИИШ” аз ин дастуру фармонҳо ягон фарқият надоранд. Ихтирои аҷиби наҳзатиён бо ном “бӯшка-зиндон” ва “бӯшка-шиканҷа” бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки ҲНИ ва ДИИШ як чиз ҳастанд. Наҳзатиён асиронро дар дохили бочкаҳои сӯзишворӣ нигоҳ медоштанд, ки дар шароити ғайриинсонӣ аз нарасидани ҳаво, бӯи бад, тобистон аз гармии тоқатфарсо ва зимистон аз хунукӣ мемурданд.
¶ 4 Leave a comment on paragraph 4 0 Чунин шиканҷаҳоро дар Ҷиргатолу Тоҷикобод қумандонҳои машҳури ҲНИ Шайхи Ёрибек, дар Нуробод – Мулло Абдулло, дар Роҳатӣ Раҳмон “Гитлер”, Мансур Муаккалов истифода мебурданд. Хоинони миллат бо мақсади номӯътадил сохтани вазъи ҷумҳурӣ шахсони барӯманди ватани азизамон – Муҳаммад Осимӣ, Нурулло Ҳувайдуллоев, Юсуфхон Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Отахон Латифӣ ва дигаронро, ки барои сулҳу осоиши кишвар хидмат карда, пешрафти ҷумҳуриамонро мехостанд, аз байн бурданд. Аз байн рафтани онҳо барои кишвари мо талафоти хеле калон буд.
¶ 5 Leave a comment on paragraph 5 0 Дар бораи чунин кирдорҳои даҳшатноки ТТЭ ҲНИ роҳбарони кишварҳои ғарб намедонанд? Албатта медонанд, лекин онҳо барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ аз ягон усулу воситаҳо рӯй намегардонанд, ҳатто дастгирии рӯирости ташкилотҳои террористӣ. Ин нишон медиҳад, ки элитаҳои сиёсии Ғарб нисбати давлатҳои собиқ шӯравӣ “стандартҳои дугона”-ро истифода мебаранд. Ба назари онҳо ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар кишварҳои ғарб ғайриқонунӣ ва хатарноканд, лекин дар кишварҳои собиқ шӯравӣ тарафдори демократия, ҳуқуқ ва инсондӯстианд.
¶ 6 Leave a comment on paragraph 6 0 Ҳоло саркардаҳои ДИИШ дар шимолии Афғонистон дар назди сарҳади кишвари мо ҷамъ омадаанд, ба амнияти мо таҳдид мекунанд ва мехоҳанд, ки бо ҳар роҳ ҷавонони моро гумроҳ намуда, ба кирдорҳои ғайриинсонии худ шарик гардонанд.
¶ 7 Leave a comment on paragraph 7 0 Аз дигар тараф кирдорҳои гузаштаи хунини роҳбарони ТТЭ ҲНИ ба онҳо имкон намедиҳад, ки бо номи худ дар бораи демократия, озодӣ ва ҳуқуқ гап зананд. Бинобар ин онҳо созмони “Паймони миллии Тоҷикистон” ҳамчун парда истифода мебаранд. Зеро, ки дар таърихи муосири Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ худашро дар солҳои 90-уми асри 20 хеле сиёҳ намуд, дастони ӯ ба ҷиноятҳои хунини террористӣ олуда аст, ки дар садҳо ҷилд корҳои ҷиноятӣ ва ҳазорҳо далел тасдиқ шудаанд. Бо иқрори худи Кабирӣ мақсади асосии Паймони миллӣ ин вайрон кардани сохти конститутсионӣ аст.
¶ 8
Leave a comment on paragraph 8 0
Мусаббияхон Раҳмонова,
ассисенти кафедраи матетматика
ва технологияи иттилоотии ДИС ДДТТ