ХИЁНАТПЕШАГОНИ МИЛЛАТ

Мушоҳидвау таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо ташкилоти террористии ба ҳамагон маълум бо номи ТТЭ ҲНИ раҳбару ҳаммаслаконаш, хиёнатпешагони миллат – Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва Ҳусейн Ашӯров агар рӯзе бар нисбати кишвари мо туҳмату буҳтон наяфкананд, худро ором намегиранд. Ин бадандешон, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ камин гирифта, зимни барномаҳои ифротиашон ба низоми давлатдории муосири миллии мо халал расонидан ва мардумро бори дигар ба ноамниву ноумедӣ раҳнамоӣ намудан кӯшиш доранд.
Аз фаъолияти чандсолаироҳбарону аъзоёни ҳизби бадкор маълум буд, ки онҳо ҳеҷ созише на бо мардум ва на бо ҳукумат надоштанду надоранд, ҳадафашон тағйири мазҳаб, сохти сиёсӣ ва тарзи зиндагиро тағйир додан аст. Воқенан ТТЭ ҲНИ бо такягоҳу пуштибонии хоҷагони хориҷӣ, мазҳабу виҷдон ва ҳама гуна арзишҳои миллиро фурӯхтаанд. Бар ивази маблағҳои хоҷагони хориҷаашон омода ҳастанд, ки ватанашонро ба як ғуломи давлати дигар табдил диҳанд.
Даъвоҳои афроди фирориёни дар боло зикршуда пучу бедалел буда, мақсади асосӣ – боз аз нав ба Афғонистони дуюм табдил кардани Тоҷикистони осуда аст.
Бо шунидани номи Кабирӣ ва умуман ҳаммаслаконаш ҳамоно аз назари кас ҳодисаҳои ваҳшатноку нангини солҳои 90-уми асри гузашта мурур мекунанд. Баъди чандин солҳо талошу заҳматҳои Роҳбарияти давлат миллати ба зону кашидаи тоҷик қомати худро рост кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари ободу сулҳпарвар аз ҷониби тамоми кишварҳои бонуфузу қудратманди ҷаҳон эътироф гардид. Ҳамаи ин дастовардҳои миллати тоҷик дар дили хиёнаткорони миллат беқарор кард. Имрӯз ягона роҳ барои фаъолияти хиёнатпешагони миллат –ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки онҳо аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоии интернет парса мезананду гӯё «ҳақиқат»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанду миллатро аз «нестӣ» мераҳонида бошанд. Яъне, ду-се фирориву хоине, ки дар боло мо зикр кардем, дар дунёи маҷозии интернет миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Бо ин рафторашон сурат ва сифати аслӣ, ҷаҳонбинии тангашонро ифшо менамоянд. Албатта, шахси солимандеш ҳарзасароиҳои онҳоро ба як пули сиёҳ ҳам намехарад. Ҳатто хориҷиёни онҳоро дар бағали худ гирифта, ба гуфтори бепояашон зоҳиран боварӣ нишон медиҳанд, вале, аслан, дар дил ба ҳолашон писханд мезананд. Баробари ин дар фарҷоми андешаи хеш бо итминони комил гуфта метавонем, дур нест он рӯзе, қабл аз ҳама ҷавонони имрӯза аз ақлу заковати хеш кор мегиранд ва он осори пурғановати гузаштаву имрӯзаро барои ояндагон чун меросхӯри воқеъӣ, чун арҷгузори ба бобоёни тоҷдор ва чун вориси арзандаи қаҳрамонони халқ бо дилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони миллати азизамон Тоҷикистон ба наслҳои ояндаи солим месупоранду бо дасти хеш ояндаи кишвари азизамонро мисоли чаманистон мегардонанд.

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *