ҶАВОНОН ҚУВВАИ БУЗУРГ ВА ОЯНДАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад.
Махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрузаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гуруҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созад.
Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд.
Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар – Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.
Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.
Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдорӣ гардидани он аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус мо, ҷавонони давлати Соҳибистиқлолро хеле хушнуд гардонид, ки боиси ҷонибдории самимонаи мо гашт. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои худ дар ин мақом ҳақиқат арзанда аст. Зеро дар ин рӯзгор, ки ҳар лаҳзае бозингарони ҷаҳонӣ бозии тозае эҷод мекунанд, мардуми тоҷик ба Пешвои миллат ниёз доранд, то дар атрофи ӯ муттаҳид шуда, аз туфонҳои пурталотуми давру замон эмину солим бошанд.
Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем.
Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони Соҳибистиқлол мебошанд.
Ин диёри камзамини мо барои хурду калон чун гаҳвараки чашм муқаддас аст, зеро ҳар яки мо дар ин хоки зархез ба камол расидаем. Ҳамчун гавҳараки чашм бояд ин Ватанро пуштибон бошем, ба қадри он бояд бирасем, зеро гузаштагони мо бо азобу ранҷҳои зиёд ин давлату фарҳангро ба мо ёдгор гузоштаанд.
Инчунин бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Маркази миллии тестӣ ба истифода дода шуд ва ӯ таъкид намуд, ки “Мо барои тарбияи кадрҳои ояндасози мамлакатамон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида истодаем”.
Мо боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду нумӯ аст ва он моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад. Мо – ҷавонон бахусус донишҷӯёни зодаи Истиқлолият барои ободии диёри азизи номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз фарзанди фарзонаи Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон кору пайкор хохем кард.
Мо ҷавонони зодаи Истиқлолият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”- ро бо қаноатмандии бузург истиқбол намуда, якдилона ҷонибдорӣ менамоем ва ба Ватани азизамон содиқона хизмат хоҳем кард.
УМУРОВ Х, устоди Донишкада

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *