ТАНҲО ДАР СУРАТИ ҲАМДИГАРФАҲМӢ ДУШВОРИҲО ПАСИ САР МЕШАВАНД!

Мо бо дарназардошти маълумоти расонаҳои хабарӣ оид ба руйдодҳои охир дар Бадахшон хулосабарорӣ карда, қайд менамоем, ки дар миёни мардум ҳоло ҳам, мутаассифона, шахсоне ёфт мешаванд, ки вазъияти имрӯзаи дохилӣ ва ҷаҳониро дида ба худ ягон хулоса намебароранд. Дидаю дониста даст ба бетартибию тазоҳурот ва ҷиноят даст мезананд, ки оқибаташ ба марг ва ё паси панҷара ба анҷом мерасад. Бояд ёдовар шуд, ки ҳодисаҳои дар Сирия, Ироқу Афғонистон ва Ливия дар аввал маҳз чунин гурӯҳҳои ғайриқонунӣ зидди ҳукумати қонунӣ баромада, вазъиятро дар дохил вазнин намуда, баъдан ба он дигар давлатҳо ё ба таври дигар гӯем хоҷагони берунаи онҳо барои амали намудани нақшаҳои худ аз хизмати онҳо истифода мебаранд. Имруз аз қабили ҳамин гуна гуруҳҳо дар минтақаи Бадахшон ба назар мерасанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша Алим Шерзамон ҳаммаслакони ӯ Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева роҳбарӣ ва сарпарастӣ намуда, иборат аз 200 нафар дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро баста, бо истифода аз маводи оташафрӯзандаи “Коктейли Молотов” ба колоннаи автомашинаҳои хидматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҳамла намуданд. Ҳамчунин як гурӯҳи ҷиноятпешаи дигар таҳти роҳбарии Ғуломҳайдаров Ёдгор, Паллаев Қулмаҳмад ва Шералиев Паҳлавон дар мавзеи Вамардара, ки аз маркази ноҳияи Рӯшон дар баландии 350-400 метр ҷойгир аст, 6 мавқеи ҷангӣ ташкил намуданд. Вобаста ба ин ҳолат аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид. Дар натиҷаи ин амалиёт 8 нафар силоҳбадаст безарар, 11 нафар захмӣ ва беш аз 70 нафар аъзоёни фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд. Бар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар аз хидматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти Прокуратураи кишвар парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Бо боварӣ метавон қайд кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бадахшон тибқи меъёрҳои қонун ва мавқеи фаъолонаи мардуми маҳал такя намуда, ҳарчӣ тезтар қазияи зиндони намудани гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпешаро ҳаллу фасл ҳоҳанд намуд. Таъкидан ба пайравони гуруҳҳои ҷиноятпеша гуфтанием, ки ҳоло дер нашудааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шаванду барои бадкирдориҳояш баҷои сазовор бинанд. Вагарна, рӯзе пушаймон мешавад. Пушаймонӣ суд надорад.
Дар интиҳои андешаи хеш қайд менамоем, ки имрӯзҳо сокинони бофарҳанги ВМКБ найрангҳои гуруҳи муташаккили чиноятпешаро дарк намуда, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Хушбахтона имрӯз дар ноҳияи Рӯшон вазъият ором буда, ҳаракати нақлиёту фаъолияти идораю муассисаҳо бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд. дорад. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад.

Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *