Табрикоти директори ДИС ДДТТ Олимӣ Рауф ба муносибати соли нави мелодӣ

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун   ҳамаи Шумо ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2018 табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, саодати рӯзгор, хонаи ободу осуда ва дар ҷодаи фаъолияти пурсамаратон барору комёбиҳо таманно менамоям.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ва оғози нусратбахши Соли нави мелодӣ умедворем, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми фарҳангпарвару ободгари кишвари офтобиамон минбаъд низ зиндагии ҳар кадоми мо шоиставу пурсаодат ва бо шодиву сурур мегузарад.
Боварии комил дорам, ки Соли нави мелодии 2018-ум барои боз ҳам мустаҳкам гардидани пояҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдат ва суботи ҷомеа, инчунин ободу зебо гардидани кишварамон нақши муассир мегузорад.
Бо ҳамин нияту орзуҳои нек, бори дигар фарорасии Соли нави мелодиро ба Шумо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, ризқи фаровон, рӯзгори пурнишот, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва ободиву пешрафт орзумандам.

       Бо эҳтиром, директори ДИС ДДТТ                             Олимӣ Р. Л.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *