Иштироки донишҷӯёни ДИС ДДТТ дар фестивал-озмуни шаҳрии солинавӣ

Санаи 26-уми декабр дар майдони марказии шаҳри Хуҷанд воқеъ дар назди ҳайкали Камоли Хуҷандӣ, чорабинии солинавии донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ баргузор гардид.
Чорабинро барандагон Муродҷон Неъматов ва Фарангис Маҳмудова ифтитоҳ намуда, кулли тамошобинонро ба соли нави мелодӣ муборакбод гуфтанд. Тибқи барномаи чорабинӣ  байтбаракхонӣ дар иҷрои донишҷӯён, сурудани суруди яккаи “Барги хазон” дар иҷрои Фаридун Юлдошев, бадеҳахонӣ дар иҷрои Нодира Ҷӯраева ва Нӯҳрон Назиров, рақси якка бо садои доира, намоиши дастаи ҳозирҷавобони “Сарроф”-и донишкада, тақлид ба суруди ҳофизон ва сюитаи солинавӣ ба намоиш гузошта шуд.
Бобои барфӣ ва барфак, ки нақшҳоро Алишер Турсунов ва Мушкина Тозагулхонова иҷро намуданд, аз ҷолибтарин лаҳзаҳои чорабинӣ маҳсуб меёфт.
Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди адабию саҳнавӣ доир гардида, бо як ҷаҳон таассуроти хотирмон анҷом пазируфт.

Мадинахон БУЗУРУКОВА

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *