Бехабари аз таъриху фарҳанги миллӣ иллати асосии калавишҳо сӯи ҳаракатҳои иртиҷоӣ аст

Чанд андеша оиди нақши асари Асосгузори  сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон  дар  оинаи  таърих  (аз ориён то Сомониён)» дар ташаккули худшиносии миллӣ ва зиракии  сиёсӣ.

Дар  шароити душвори ташаккули давлатдории тоҷикон ва фазои нави маънавӣ бо мақсади  муайянсозии равандҳои муосири давлатсозии муосири тоҷикон шинос намудани мардум  ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик заминаи муҳими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад. Таҷрибаи солҳои  охир нишон медиҳад, ки маҳз бехабарии як зумра ашхос аз таъриху фарҳанги миллӣ, арзишҳои инсонпарваронаи  дину мазҳаби хеш онҳоро ба сӯи  ҳаракатҳои иртиҷоие,  ки характери террористӣ  ва экстремистӣ  доранд тела медиҳанд. Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ин ашхос ба ҳисоби  миёна 25-30 сола мебошанд, яъне ин ҳамонҳоеанд, ки давраи наврасиву ибтидоӣ ҷавониашон ба  солҳои бенизомии ҷомеа  рост омада буд. Мо насли калонсол хуб дар ёд дорем, ки он солҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ чи дар мактаб,  чи дар донишгоҳҳову дигар муассисаҳои таълимӣ ҷараёни таълиму тарбия фалаҷ гашта буд. Ҳадаф  аз ишора ба ин ҳолат аз он иборат аст, ки аз вазъияти ба амал омада гурӯҳи ба ном “диндорон”  (дар асл гурӯҳи  ашхосе, ки ниятҳои ғаразнок ва нопок доштанд) ҷавононро ба  сӯи  худ кашиданд ва дини мубини исломро ба таври худ талқин намуда, онҳоро сӯи хурофот, ҷабру зулм, экстремизми  динӣ,  бунёдгароӣ,  терроизм ҷалб  намуданд. Такрор шавад ҳам қайд менамоем, ки иллати ин раванд дар ҳастии ҷамъиятии ҳамон  солҳо буд. Истеҳсолоти ҷамъиятӣ фалаҷ гашта буд ва  ҷавонон  бо кор таъмин набуданд ва ҳар сӯ  пароканда гаштанд. Дар хориҷи  кишвар ба доми фиреб афтондани онҳо боз ҳам авҷ гирифт. Далелҳо  собит месозанд, ки қисми зиёди ҷавонони  ба сӯи  ҳаракатҳои иртиҷоӣ гаравида, аз  ҳудудҳои Руссия, Қазоқистон, Туркия ба ҷанги ДИИШ ҷалб карда шудаанд.

Имрӯз,  ки дар фазои Тоҷикистон,  чун натиҷаи  сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу  ваҳдати босубот ҳукмрон аст, дар назди ҳар як ниҳоди иҷтимоӣ, қабл аз ҳама  оила ва низоми таҳсилот вазифаи бағоят муҳим – вокуниши мақсадҳои аслии  ғаразнок, ватанфурӯшона  ва зидди диниву мазҳабии баъзе ашхосу ҳизбҳо меистад. Онҳо аз ҳар як ҳодисаи ночиз  истифода намуда, аз хориҷ  истода садо баланд мекунанд, вал-вала менамоянд. Ҷомеаи мо, аҳли  зиё бояд ба ҳар як чунин амали ноҷавонмардонаи онҳо ҷавобҳои қотеъона  диҳанд.

Ба андешаи мо дар пиёда намудани ин вазифаи басо муҳим аҳамияти асарҳои Пешвои муаззами  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, хусусан китоби ў «Тоҷикон  дар оинаи таърих (аз ориён то Сомониён)» хеле калон аст. Ин асар натиҷаи андешаҳои  чуқур ва амиқи муаллиф оид ба таъриху фарҳангӣ миллати тоҷик аст. Бо назардошти  он муаммоҳое, ки мо дар боло зикр намудем, бунёди ин асар талаботи замон  мебошад, зеро он таърихи фарҳанги миллиро бори дигар варақгардон намуда, дар  бораи муборизаи тоҷикон баҳри нигоҳдорӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ  ва соҳибистиқлолӣ андеша меронад. Ў ба таври махсус таъкид менамояд, ки зудуда  гаштани ҳофизаи таърихӣ, бефарқ нигоҳ кардан ба таърихи миллати хеш, муқаддасоти  он, дар ниҳоят ба суст гаштан, ҳатто аз байн рафтани давлату миллат мегарданд.  Муаллиф қайд менамояд, ки мисоли равшани ин гуфтаҳо ҳодисаҳои хунбори солҳои  90-уми асри ХХ дар кишвари мо мебошанд. Зеро маҳз ба гўшаи фаромўшӣ рафтани  таърихи давлату миллат, коста гаштани ахлоқ, ҳисси ифтихори миллӣ, ватандорӣ ба  як гурўҳ ифротгарон имконият дод, ки тоҷиконро, ки он қадар таҷрибаи бои сиёсӣ  надоштанд, ба вартаи ҷанги даҳшатовари шаҳрвандӣ бикашанд.

Муаллифи китоб дар муқаддимаи он ба таври амиқ доираи масъалаҳои  баррасишавандаро муайян менамояд. Шиносоӣ ва омўхтани асар нишон медиҳад, ки ба  муносибати 1100 – солагии давлати Сомониён, муаллиф диққати асосии худро ба  омўзиши омилҳои иҷтимоиву – фарҳангии ин давлат ва аҳамияти бебаҳои он барои ҳалли  масъалаҳои мубрами давлатсозии тоҷикон дар замони муосир равона намудааст. Ў ба  таври алоҳида таъкид бар он дорад, ки арзишҳое, ки аз замони сомониён то ба мо  расидаанд, дар таъмини ваҳдату ризоияти миллӣ нақши муассир бозида метавонанд.

Дар асар қайд карда шудааст, омўзиши таърихи давлатдории тоҷикон ба мо имкон  медиҳад, ки роҳҳои озод намудани ғояи миллии давлатдориамонро аз шиканҷаи  карахтӣ ва тақлиди кўр-кўрона берун орем. Вобаста ба ин ў менависад: «Мо мехоҳем  зери парчами ниёгони худ муттаҳид шавем, сохибистиқлолӣ, ягонагии ҳудуди худро  мустаҳкам намуда, воқеан ҳам давлати демократию ҳуқуқбунёд барпо намоем».

Андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон оиди ба ғояи миллӣ истиқлолият фахр, шаъну шарафи ҳар як фарди ватандўст  аст, хеле ҷолиби диққатанд. Фақат ватандўстӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳангӣ  миллати хеш метавонад худшиносии миллии инсонро боло барад. Ў таъкид намудааст,  ки миллате, ки забону адабиёт, расму оин ва дигар арзишҳои фарҳангии миллати  худро эҳтиром намекунад, соҳибистиқлолии худро дифоъ карда наметавонад. Ин  масъала барои давлатҳои пасошўравӣ, аз он ҷумла барои Тоҷикистон низ, дар  замони соҳибистиқлол муҳимият пайдо намуд, зеро ҳамаи давлатҳои навбунёд кўшиш  ба харҷ медоданд, дар гузаштаи дуру наздики худ пойгоҳе ё такьягоҳе дарёфт  намуда, онро барои бунёди давлати соҳибистиқлоли худ истифода баранд.

Ба ин муносибат дар назди муаллиф якчанд масоили методологӣ ба миён меояд. Аз ҷумла,  ҷомеаи муосир, ки сифатан падидаи нав аст, чӣ тавр ба гузашта пайваст карда  шавад? Чӣ тавр каҷфаҳмихо дар тафсири таърих аз байн бурда шаванд? Ва бояд  эътироф намуд, ки муаллиф ба ин саволҳо дар китоби худ ҷавоби амиқ додааст. Ў  таъкид месозад, ки мо ба таърих ба хотири эҳёи он дар аслаш муроҷиат намекунем,  балки мо бо мақсади эҳё намудани руҳи созандагиву бунёдкории ниёгонамон ва  зиндагардонии хотираи падарон ва бобоёни худ муроҷиат менамоем ва ба ин васила  дар ниҳоди мардумамон ҳисси худшиносиву ватанхоҳиро ташаккул медиҳем. Аз ин лиҳоз,  мо ба таърих ҳамчун таҷрибаи ташаккули худшиносии миллӣ, соҳибистиқлолӣ,  давлатсозӣ ва пешгўи кардани ояндаи худ муроҷиат менамоем. Худшиносию ватанхоҳӣ  мисли решаест, ки ба туфайли он дигар арзишҳои волои миллӣ (анъанаҳои миллӣ,  расму ойинҳо) барқароранд. Дар ин радиф қобили зикр аст, ки ҳатто дар давраҳое,  ки тоҷикон зери юғи ин ё он аҷнабиҳо қарор доштанд, ин решаи амиқи таърихӣ  имкон надод, ки илму фарҳанг, адабиёту санъати миллӣ, таҷрибаи фарҳангофарину  сулҳофарини миллати мо ба нестӣ равад. Маҳз ҳамин решаи таърихӣ имкон фароҳам  овард, ки арзишҳои иҷтимоиву – фарҳангии миллии мо аз умқи таърих то ба насли  имрўза ҳамчун неъмати бебаҳо ирсол дода шаванд.

Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани Истиқлолият, таъмини  сулҳу суботи устувор, таҳким бахшидани давлатдории миллӣ, ҳамаҷониба густариш  бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватандории мардум ва  баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, ба хусус наврасону ҷавонон,  муттаҳид намудани ҳамаи гурўҳҳову қишрҳои ҷомеа, ваҳдату ризоияти миллӣ ҳадафҳои  стратегии давлату ҷомеаи муосири Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, ки дар маҷмўъ моро  ба сўи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва  татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ ҳидоят менамояд.

Расулҷон  Солиҷонов,

доктори илмҳои фалсафа,

профессор

Один комментарий для “Бехабари аз таъриху фарҳанги миллӣ иллати асосии калавишҳо сӯи ҳаракатҳои иртиҷоӣ аст”

1. Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани Истиқлолият, таъмини сулҳу суботи устувор, таҳким бахшидани давлатдории миллӣ, ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, ба хусус наврасону ҷавонон, муттаҳид намудани ҳамаи гурўҳҳову қишрҳои ҷомеа, ваҳдату ризоияти миллӣ ҳадафҳои стратегии давлату ҷомеаи муосири Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, ки дар маҷмўъ моро ба сўи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ ҳидоят менамояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *