Таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Санаи 21-уми феврали соли равон дар Донишкада чорабинии идона, бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст директори Донишкада дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан устодону донишҷӯёнро бо фарорасии Рӯзи Артиши миллӣ таҳният гуфта, барояшон комёбиву бурдбориҳо таманно намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки 23-юми феврали соли равон аз таъсисёбии Артиши миллӣ, ки он зодаи Истиқлолияти давлатӣ аст, 29 сол пур мешавад. Дар остонаи ин ҷашни бошукуҳи таърихӣ ҳар як фарди ватандӯст беихтиёр роҳи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро албатта пеши назар меорад.
Таъкид намудан зарур аст, ки дар чорабинӣ афсарону прапоршикони шуъбаи таъиноти махсуси қисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуда, донишҷӯёнро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён бо суруду тарона, саҳнача ва шеъру бадеҳахонӣ хотири аҳли нишастро болида намуданд.

IMG_4591
IMG_4610
IMG_4620
IMG_4607
IMG_4608
IMG_4627
IMG_4634
IMG_4636
IMG_4643
IMG_4648
IMG_4649
IMG_4652
IMG_4662
IMG_4674
IMG_4678
IMG_4690
IMG_4710
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *