БАРОИ ПОЙДОР НИГОҲ ДОШТАНИ ОРОМӢ МО БОЯД ҲАМА АЗ ЯК ГИРЕБОН САР БАРОРЕМ

Таъмини сулҳ, ваҳдат ва таҳкими истиқлолият вазифаи муқаддас ва пурифтихори шаҳрвандии ҳар як Тоҷикистонии бо ору номуси мебошад. Мо аз миллату давалатӣ хеш итминони комил дорем, ки мардуми соҳибфарҳанги кишварамон зиракии сиёсиро аз даст надода пайӣ пояндадории истиқлолияту ваҳдати комили халқу ватани хеш мегарданд.
Мардуми тоҷик ҳамеша дар тулӣ асрҳо ҳувияти худро ҳифз намуда то ба боргоҳи истиқлолияти миллию давлатӣ хеш расидааст. Миллати тоҷикро миллати ҷафокашидаи ба мақсади худ расида гуем ҳам хато нахоҳем кард. Мо бояд, иродаи устувору созанда, фарҳанги бузургу эҳёгаронаи хешро боз ҳам тақвият бахшида, зинда нигоҳ дорем.
Таҷассумгари ҷавҳари худшиносии ботинӣ эътиқоди миллӣ ва фарҳангии инсонро ҳуввияти он инъикос мекунад. Тарақиёту пешрафти муваффаққиятҳои ҳар як қавму миллат ва давлат аз муттаҳидӣ, ягонагии он вобастагии зич дорад. Ин ҳақиқатест пазируфташаванда, ҳақиқатан дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабаҳо ва омилҳои таъинкунандаи халалдоршавии сулҳу суббот дар ҷаҳон боиси парокандагӣ ва ҳатто нестшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо гардида истодааст.
Сулҳи бо хуну ҷони бародарони худ ба дастомадаро зинда нигоҳ дошта, натиҷаи заҳматҳои Пешвои миллатро қадр кунем ва ҳамеша пайрави бунёдгароии он бошем.
Барои пойдор нигоҳ доштани оромӣ мо бояд ҳама аз як гиребон сар барорем, то ки ба ягон шахси манфиятдор ТЭТ ТЭТ имконияти моро ба вартаи гумроҳӣ бурдан ва халалдор сохтани оромии ватани маҳбубамон роҳ надиҳем.

УМУРОВ Х.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *