МАРДУМИ КИШВАРИ МО ДОРОИ ХИРАД ВА НЕРӮИ СОЛИМУ ТАВОНОСТ!

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар робита ба ин аз таърихи навини кишаварамон ёдовар шудан ҷоиз аст, ки аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим, ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Дар ин давра шахсон ва гурӯҳҳое, пайдо шуданд, ки бо мақсади халалдор сохтани оромии давлат ва ҳаёти мардум бо роҳу воситаҳои гуногун ба монондаи ҳуҷуми мафкуравӣ пешниҳоди маблағхои зиёд ва ё дигар усулҳо барои ҷалби эътибори одамон ва амалӣ гардидани мақсадҳои ғаразноки худ кӯшиш намуданд, оқибат кишаварамон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид. Асосан аз ҷониби собиқ Ҳизби назҳати ислом (ҲНИ) дар амалӣ намудани ғояҳои худ ба наврасону ҷавонон, ки байни онҳо аз ҷиҳати иродаву шуурнокӣ ноустувори ҷамъият мебошанд, такя мекард. Баъд аз тасдик шудани амалҳои бадхоҳони миллат, имруз бештарашон бо пуштибонии ҳоҷагонаш дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, бо ҳизбро ба Паймони миллӣ табдил додаа, онро ҳамагон бо номи ТТЭ ҲНИ мешиносанду дигареро бо номи Гуруҳи-24 барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дини мубини Ислом моҳирона истифода бурда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, нисбати кишвари соҳибистиқлоламон тухми кинаву адоват кошта истодаанд. Стратегияи асосии ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи -24 ин касби қудрат ва барпо доштани салтанати исломӣ дар Тоҷикистон буда, тавассути раванди тактикӣ – дарёфти маблағ, иғвогарии матбуотӣ ва интернетӣ, ноҷӯр сохтани авзоъ дар минтақа аҳдофи стратегиашро роҳандозӣ менамояд. Лекин бояд қайд кард, ки мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои Кабирию Беҳруз барин афрод комилан бовар намекунанд ва умуман аз амалҳои нангини бадхоҳони миллат огоҳ шудаанд. Воқеан таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *