СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА ОРОМИВУ ОСОИШТАГӢ ТО АБАД ПОЯНДА БОД!

Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди кишвар, нумуи даврон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Соли ҷорӣ аз қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти Ваҳдати миллӣ 25 сол сипарӣ мегардад. Тӯли ин солҳо Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории худро дар миқёси ҷаҳон мустаҳкамтар намуд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи Ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ Истиқлоли кишварро муҳофизат ва пойдору устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати пойдор будани Ваҳдати миллӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор мемонад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намудаанд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад, ки ин ниҳол ниҳоли Ваҳдат аст. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он рассад».
Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукӯфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад.
Лозим ба зикр аст, ки маҳз бо кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон миллати азиятдидаи тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист ҳувайдост.
Ҷойи шарафу сарфарозист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, аз ҷониби созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир ва омӯзанда эътироф гардид. Дар баробари ин таъкид кардан зарур аст, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир вобаста ба равандҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва экологӣ дар шароити ноустувор қарор дорад. Хатари терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, буҳрони пайвастаи сиёсию иқтисодӣ, зиддиятҳои мазҳабию динӣ кишварҳои рӯ ба тараққиниҳодаро водор месозад, ки дар роҳи пешгирии оқибатҳои фалокатбори он чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳодисаҳои солҳои охири кишварҳои Шарқи Наздику Миёна, аз ҷумла Ироқу Сурия, Либия, Лубнон ва ҳамсоя кишвари мо Афғонистон мустақим ва ботадриҷ таъсири манфии худро ба дигар кишварҳо низ мерасонанд.
Агар ба харитаи ҷаҳон назар андозем, мебинем, ки асосан манотиқи даргир ва зиддиятҳои ҳадафмандонаву манфиатовар бештар дар кишварҳои мусулмоннишин ба вуқӯъ пайвастааст. Сабаб дар он аст, ки бештар сарчашмаҳои зиддияти байниҳамдигарӣ дар ин кишварҳо аз омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ, фарҳангӣ, равонӣ, иҷтимоӣ иборат мебошанд. Вале мардуми он қурбони бозиҳои сиёсӣ мегарданд, ватани хешро тавассути манфиатдорони берунӣ ва дохилӣ бо дастони худ валангор менамоянд. Маҳз тавассути ифротгароӣ, эътиқоди кӯр-кӯрона ба дин, набудани ваҳдати миллӣ боиси он мегардад, ки ҷанги шаҳрвандӣ, қабилавӣ ва мазҳабӣ авҷ гирад.
Имрӯзҳо як гурӯҳи манфиатхоҳони миллати тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд бо воситаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш бар он доранд, ки сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии халқи тоҷикро халалдор намуда, манфиатҳои ғаразноки сиёсии худро бо роҳи таъсири манфӣ расонидан бо шуури шахсони камтаҷриба амалӣ созанд.
вале боварии комил метавон гуфт, ки миллати азиятдидаи тоҷик, ки маротибае таъсири ҷанги хонумонсӯзро дидааст, дигар ҳаргиз намегузорад, ки нохалафе ба пойдории Ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагӣ монеае эҷод кунад.
Имрӯз вазифаи кулли шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон, бахусус ҷавонон, ин аст, ки барои пойдории ин неъмати бебаҳо саъй варзанд ва дар роҳи гул-гулшукӯфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд. Бигзор сулҳу Ваҳдат ва оромиву осоиштагӣ дар фазои кишвари маҳбубамон то абад поянда бошад!

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *