ИҒВОИ НАВБАТИИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ

Имрузҳо душманони дохилию хориҷии миллат аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, бо ҳар роҳу восита, бахусус тавассути шабакаҳи иҷтимоӣ баромад намуда, мехоҳанд халқи куҳанбунёди моро бадном созанд. Чуночӣ душманони фирории миллат, яъне раҳбарияту ҳаммаслакону пайравони собиқ ҲНИ, алҳол ТТЭ ҲНИ- “Паймони миллӣ…”(ПМ) ном дорад, оқибат аз ватан фирорӣ шуда, дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтаанд. Вақтҳои охир дар шабакаи иҷтимоӣ сабтҳи гуфтугуйи бадхоҳонаи раҳбари ТТЭ ҲНИ-ПМ Муҳиддин Кабирӣ ва муовинаш Шерзамонов Алим иғво барангехта, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намоянд. Суол ба миён меояд! Чаро мо, маҳз номи ТТЭ ҲНИ-ПМ-ро ба забон овардем? Чунки таърихи башар исбот кардааст, ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо таъсису ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломиву характери динӣ дошта ва бо маблағгузориҳои ҳангуфт, дар ин ё он давлатҳои рушдкунанда ва маҳз ба давлатҳои бо ном исломӣ, ҳадафҳои ниҳоии худро роҳандозиву амалӣ менамоянд. Воқеан Кабириву хамммаслаконаш бевосита бо маблағгузоргузорӣ ва дастури хоҷаҳои хориҷиашон ба пешравию тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид намудан кӯшиш доранд ва мехоҳанд, боз чандин солҳо рушди кишварро ба ақиб андозанд. Ин аст, ки тибқи супориши хоҷаҳои хориҷӣ Муҳиддини Кабирӣ бо пайравонашон ба як ҳаракати ба ном “Паймони миллӣ” ҷамъ шуда, бо ҷалби ҷавонони ноогоҳу бесавод дарс омӯхта, тактикаву стратегияҳои наву муосири муқобилият ба Ҳукуматро нишон медиҳанд. Ва чуноне, ки мо огоҳу шоҳид ҳастем, дар ҳар баромадашон, алалхусус Кабирӣ ва Алим Шерзамонов дар ҳамкорӣ бо блогерҳои интернетӣ, шаъну эътибори роҳбарияти давлату Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мамлакати пешрафта, ки бо кишвари мо робитаи дӯстӣ дорад паст мезананд. Масалан санаи 28 июни соли равон роҳбари ТТЭ ҲНИ-ПМ Мухиддин Кабирӣ ва муовинаш Шерзамонов Алим, ин навбат бо ҷалби ҳоҷагони Ғарбӣ тавассути барномаи “ZOOM” таҳти унвони «Шикасти созишномаи сулҳи тоҷикон, сабабабҳо, натиҷа ва дарсҳо» бо иштироки корманди Донишгоҳи Колумбияи шаҳри Ню-Йорки ИМА Стив Свердлов баромади иғвогаронаро боз пеша намуда, такрор ба такрор ва беасос дастовардҳои давраи сохибистиқлоли кишварро нодида гирифта, оид ба масоили Ваҳдати миллӣ, бо баробари ин нисбати шахсиятҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба таври худ ғайривоқеӣ маънидод намуд. Чунончӣ нисбати Президенти Федератсияи Россия мисолҳои бемавриду бемавқеъ мисол оварда, сиёсати пешгирифтаи кишвари мазкур, яъне амалиёт нисбат ба Украина андешаи носолими худро баён кард. Ин мавқеи манфии Кабирӣ ба ягон қолиб рост намеояд! Ба андешаи мо ҷавонон чӣ нисбати Президенти Федератсияи Россия ва умуман шахсиятҳои шинохтаи сатҳи байналмилалӣ, ҳар инсони соҳибақл бояд бо эҳтиёт сухан гӯяд!
Мо, ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлол ҳастем фикру андешаи солим дорем ва аз таърихи навини кишвари хеш бохабар ҳастем ва онро фаромӯш намекунем. Баробари ин, доир ба Ваҳдати миллӣ ва нисбат ба фаъолияти мухолифин ёдовар шуда, қайд менамоем, ки Сарвари давлатамон аз гуноҳи онҳо гузашт карданд ва то ҳатто солҳои 90-уми асри гузашта 30 фоизи ҳайати ҳукумат аз ҳисоби намояндаҳои мухолифин таъин карда шуд. Ба ҳамаи ин аҳду паймон таҳаммулпазирии ҳукумату давлат нигоҳ накарда роҳбарону аъзоёни собиқ ҲНИ оқибат ба намакдон туф карданд. Хоинони миллат, ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, то ҳол ба иѓвогарию тӯҳмат овора буда, барояшон хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Тасдиқу исботи ин гуфтаҳо дар филмҳои ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам”, “Хиёнат” ва “Шикасти фитна”бо далелҳои раднашаванда исботу аён шудааст, ки ҳоҷат ба баён нест!
Хулоса, дар ҳамаи баромадҳо, наворҳои дурӯғине, ки наҳзатиҳо бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Баробари ин, ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҳодисаҳои нангини солҳои 90 уми асри гузашта аз ёди ҳазорҳо сокинони кишварамон ҳанӯз ҳам зудуда нашудааст. Мардуми диёрамон як маротиба рӯзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андӯҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрӯз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд.
Дар интиҳои андешаҳои хеш ба душманони миллат хотиррасон намуда, гуфтанием, ки мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, якдилу яктанем, рӯҳи шикастнопазир дорем. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу субот аст ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.

А.ВАЛИЕВ, ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *