МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА ДОРАМ ДӮСТТАР!

Бояд тазаккур дод, ки мардуми тоҷик пас аз ҳазор соли аз байн рафтани давлати Сомониён санаи 9 сентябри соли 1991 бо эълон гардидани Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон боз аз нав соҳибдавлат гардид. Номи Тоҷикистони навин, ки фарзандони ин сарзамин бо илму фарҳанги хеш асрҳо қалби оламиёнро тасхир намуда буданд дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.
То ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ҳашт даври гуфтушуниди роҳбарияти кишвар таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати мухолифини давлат баргузор гардид.
Ҳаминтавр санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав самараҳои нек ба бор овардаанд: Созишномаи истиқрори сулҳи байни тоҷикон ба имзо расонида шуд, ки қадами нахустин дар роҳи осоиштагиву сулҳу сафои кишвар гардид.
Бе муболиға, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ барои миллату давлатамон санаи бузургтарини тақдирсозу саодатофар ба шумор меравад. Созишномаи истиқрори сулҳро метавон ба шаҳкитоби бузурге шабоҳат дод, ки мардуми тоҷик аз он роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ ва рӯзгори наву пурсаодатро аз бар намуданд.
Хиради сулҳофарии миллати тоҷик маҳз бо бамизорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун як дастоварди бузурги таърихӣ барои ҷаҳониён собит гардид. Ин санад ифодагари сулҳхоҳи фарзандони ин миллати тамаддунсоз буда, аз соҳибхирадии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Ҳамин фарзандони бонангу ори миллат буданд, ки манфиати халқу миллат, якпорчагии Ватанро аз ҳама боло дониста, ин ҳуҷҷати беназири таърихиро ба имзо расониданд.
Таъкид бояд кард, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва суботу оромии кишвари азизамон бемисл аст ва таҳти роҳбарии чунин Сарвари хирадманд кишвари азаизи мо ҳамеша ба сӯйи муваффақиятҳо қадамҳои устувор хоҳад гузошт.

Х.УМУРОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *