СУЛҲУ ОРОМӢ ВА СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

Мусаллам аст, ки дар соли 2021 мардуми бошараф ва меҳнатдӯсти кишвар 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҳисси баланди хештаншиносӣ ва ифтихор аз ватандориву давлатдории навини миллӣ ва фарҳанги волои сиёсӣ ва дастовардҳои беназири меҳнатӣ истиқбол намудем. Ин ҳама дастовардҳо ва гулгулшукуфиҳои ватани азизу ҷононамон Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки пайваста дар ободӣ ва озодии халқи азиз ҷоннисориҳои беназир менамоянд.
Аммо, мутаассифона, ҳастанд баъзе он нотавонбинон ва хоиноне, ки ин ҳама пешравиҳоро дида наметавонанд ва мехоҳанд Тоҷикистони азизро боз ба вартаи фаноравӣ бинанд. Чунин аз шахсони хоини ватани мо Гулбидин Зиёбеков ва ҳаммаслакони дастаи ҷинояткории муташаккилаш дар ВМКБ мебошад, ки сабаби нооромиҳои рӯзҳои 25 – 28 ноябр дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ сабаб шуд.
Мо санаи 9 декабри соли равон дар видеофилми “Нерӯи қонун” баромади собиқ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, ки шахсан шоҳиди корҳои вайронкориву ифротии Гулбидин мебошад, вокуниши худро оид ба қазияи ходисаҳои шаҳри Хоруғ руйдода ва нисбати амалҳои номатлуби Зиёбеков Гулбидин мушаххасан баён кард. Аз ҷумла, аз гуфтаҳои Ёдгор Файзов маълум шуд, ки ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А. дар ягон пастзании шаъну шарафи духтарон дар ВМКБ даст надоштааст. Зиёбеков Г. ҳамаи он бофтаҳои дурӯғро, ки гӯё Абирзода А. ба духтарон рафтори қабеҳро раво мебинад, аз худ беасос бароварда, бо як рафтори ваҳшиёна Абирзода А. –ро зери шиканҷа ва гаравгон ба муддати 8 соат мегирад. Чандин маротиба ба биноҳои маъмуриву давлатии ноҳияи Роштқалъа ҳамлаҳо намуда, бо як ваҳшонияти аз инсонӣ берун ба сӯи кормандони мақомоти маҳаллӣ таҳдидҳо мекунад.
Ҳамаи ин амалиётҳои терористии Гулбидин Зиёбеков нишон медиҳад, ки вай дар ин кор худ танҳо набуда, ҳаммаслакону саркардагони хориҷӣ, аз ҷумла аз гурӯҳҳои терористии ҳамсоямарз Афғонистон дорад, ки ӯро “дастгирӣ” мекунанд. Аммо “нақшаҳои” вай амалӣ нагардиданд ва тираш хок хӯрд.
Имрӯз давлату ҳукумат қудрату тавонии барои сулҳу суботи худ истодагарӣ карданро дорад ва намегузорад, ки сулҳу оромии моро гурӯҳҳои алоҳидае, мисли Зиёбеков Г. халадор созад.
Ҷавонон ва ҳаммиллатону ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз мо бояд шукронаи ин миллату ин сарзамини биҳишосои азизамонро кунем. Нагузорем, ки чунин морсифатони аждаҳомонанд миёни мо ва якпорчагии Тоҷикистону халқи он иғвою фитнаро ворид созад. Биёед, гирди парчами сулҳу Ваҳдат ва озодии Ватан сарҷамъ мешавем ва намегузорем, ки осмони беғубори Истиқлолияти моро касе тираи фикру ақидаҳои бегонапарстӣ ва ифротӣ накунад. Сарҷамъ шавем, ки қувваҳои ифротиву иртиҷоии бегона ба девори сулҳу суботи мо рахна зада натавонад ва қуввачаҳои зиддимилле чун Зиёбеков Г. дигар сари худро зидди ин девори мустаҳкам рост накунад. Месазад, ки мо ифтихори милливу хештаншиносии хешро имрӯз боз ҳам боло кунем, чун дар мамлакате умр ба сар бурда истодаем, ки сулҳу оромӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мароми мост!

Ф. РАҲМОНОВ,
ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *