Шарипова Мавзуна Нарзиллоевна

Шарипова Мавзуна Нарзиллоевна 21 сентябри соли 1978 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1985 ба мактаби миёнаи №17 н. Ашт рафта, соли 1995 мактаби мазкурро бо медали Тилло бомуваффақият хатм намудааст. Бо мақсади дохил шудан ба донишгоҳ ва идомаи таҳсил моҳи августи 1996 ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба факултаи иқтисодї дохил шудааст. Соли 2000 донишгоҳро бо дипломи Аъло хатм намуда, дар донишгоҳи мазкур дар кафедраи баҳисобгирии бухгалтерї ва молия ҳамчун ассистент ба кор қабул гардидааст. Соли 2003 ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба шӯъбаи ғоибона бо ихтисоси иқтисодиёти муассиса дохил шуда, соли 2007 онро хатм намуд. Соли 2012 дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оиди мавзӯи «Организационно-экономические основы совершенствования механизма риск-менеджмента торговых предприятий» рисолаи номзадї ҳимоя намудааст. Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз соли 2000 то соли 2012 аз вазифаи ассистент то муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерї, таҳлил ва аудит фаъолият дошт. Аз моҳи сентябрии соли 2012 н.и.и., муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерї, таҳлил ва аудити ДИС ДДТТ. Аз моҳи феврали соли 2016 то июли 2021 мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерї, таҳлил ва аудит фаъолият дошт. Дар давоми панҷ соли фаъолияти педагогӣ ҳамчун мудири кафедра панҷ нафар аъзоёни кафедра рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илм гардиданд. Бо баробари фаъолияти таълимӣ, омӯзгор инчунин фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ ва ҷамъиятии худро дар муддати 21 соли собиқаи корӣ дар ДИС ДДТТ бомуваффақият бурда истодааст. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши худ муаллима курсҳои аудит, баҳисобгирии молиявӣ, баҳисобгирии идоравӣ, андоз ва ҳуқуқро хонда соҳиби сертификат гаштааст.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *