Мо омӯзгорони кафедра зимни изҳороти хеш қайд менамоем, ки рузҳои охири моҳи ноябри соли равон хоинони миллату давлати кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири манфиатҳои гурӯҳии худ талош дошта, фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира ва мардумро ба по хезонанд. Хушбахтона тавассути фейсбук филм бо номи “Нерӯи қонун” баромади Ёдгор Файзов, раиси собиқ ВМКБ пешкаши мардум карда шуд ва мо устодони кафедра низ аз шоҳиди воқеъаи ҳоли аслӣ гардидем.
Зимни суханрониаш Ёдгор Файзов дар яке масъалаҳои баҳсӣ сухан ронда, аз ҳақиқати ҳолро муфассалан баён намуд. Қайд карда шуд, ки гирдиҳамоӣ ташкил кардани тарафдорони Зиёбеков Гулбиддин бо ҳадафи ноором сохтани ҳаёти мардуми осоиштаи Бадахшон ба ҳар амалҳои хиёнаткорона ва дасисабозӣ даст заданд ва бахусус рӯйпуш намудани ҷиноятҳояшон мебошад. Инчунин мавсуф дар рафти баромадаш қайд кард, ки яке аз сабаби асоси гӯё шаҳрванд Шоҳназарова Зӯҳро, ки аз худуди Федератсияи Русия департатсия карда шудааст, ба афроде бо номи Ҳабиб ба маблағи 300 сомонӣ ва як чорвои майдаи пора дода, хоҳиш кардааст,ки ба шиносномаи хориҷиро бо ному насаби дигар омода карда дастрас намояд. Бубинед, ки дар ин ҷо шаҳрванд Зуҳро Шоҳназарова гунаҳкор аст, ки барои ба Федератсияи Русия рафтан ба як афрод,гӯё як корманди ҳифзи ҳуқуқ бошад, пора пешниҳод кардаасту худ алакай даст ба ҷиноят задааст. Аммо душманони миллат ҳолати коррро махфӣ нигоҳ доштанду танҳо ба кормандони мақомот тӯҳмат тавзеҳ менамуданд. Дар иртибот ба ин масоли собиқ раиси вилоят Файзов Ё. барои амиқ намудани ин масъала шаҳрванд Шоҳназарова З. ва падарашу шоҳидонро дар утоқи кориаш даъват карда, аз воқеияти ҳол бохабар шудааст. Дар рафти сӯҳбат З.Шоҳназарова аз собиқ раиси вилоят хоҳиш карддааст, ки барои омода кардани шаҳодатномаи хориҷӣ мусоидат намояд ва дар ҷавоб Ёдгор Файзов рад карда, фаҳмондааст, ки ин амал ғайриқонунӣ аст. Хуллас имрӯз, дар асоси вокуниши Ё.Файзов парда аз болои асрори воқеъаҳои шаҳри Хоруғ бардошта шуд ва мардум дарк намуданд, ки асосан афроди ҷиноятпеша дар ин қазия гунаҳкоранд. Баробари ин бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон давлате нест, ки солҳои 90-уми садаи гузашта буд. Имрӯз на танҳо худро ҳимоят мекунад, балки барои амну осоиштагии кишвар ҷон ба каф мубориза ҳам бурда метавонад. Инро хуб донед ва аз хотир фаромӯш накунед, бадхоҳони миллат!
Мо омузгорони кафедра фарҷоми изҳороти хеш баробари устодони донишкада, сокинони фаъол ва аҳли зиёи кишвар амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро қотеъона маҳкум менамоем. Ба хотири пойдории қонуният ва риояи тартибот дар ҷумҳурӣ нисбат ба шахсони гунаҳкору ҷиноятпеша, дар асоси қонунҳои амалкунадаи кишвар чораҳои қатъӣ андешида шаванд.