СУХАНБОЗИ ДУРӮЯИ БЕШАРАФ

Ҳамарӯза дар ҳар ақсои ҷаҳон ҳаводиси зиёде рух медиҳанд ва тавассути васоити ахбор онҳо намоиш дода мешаванд. Мебинем, ки чӣ гуна дар кишварҳое, ки мардумонаш иттифоқу осуда барои зиндагии шоистаи хеш талош мекунанд, вазъ орому шароит муътадил аст. Вале кишварҳое, ки қисмате аз аҳолиаш ба таблиғоти хориҷиён мубтало шуда, ҳисси милливу мардумиашонро гум кардаанд, бесарусомонӣ идома меёбад. Аз ҷумлаи кишварҳои ноосуда ҳамсоякишвари Афғонистон аст. Бояд гуфт, ки ба сари қудрат омадани ҳаракати Толибон дар Кобул раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам печида кардааст. Дар баробари хуруҷи пандемияи короновирус “КОВИД-19” ҷомеаи имрӯза нотинҷ буда, бо васвасаи баъзе ҳокимиятхоҳону моҷароҷӯён баъзе давлатҳо сарҳисоби кори худро намеёбанд. Ин ҳолатро афроди аз сиёсат дуру бефарҳангу хоинони миллат ба манфиат худ истифода бурда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳамчун “сиёсатшинос” вонамуд карда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ғояҳои ифротӣ паҳн карда истодаанд. Чунончӣ яке аз пайравони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддини фирорӣ дур аз ватан истода, бо маслиҳати роҳбари  ТТЭ ҲНИ Кабирӣ тариқи барномаҳои ифротии “Пайванд” ва ”Минбари муҳоҷир” баромадҳо баргузор менамояд. Мо бо санаду далел ва мисолҳои амиқ амалҳои хиёнтакорӣ ва бешарафии Муҳаммадиқболи Садриддин бохабар ҳастем. Таъкидан қайд менамоем, ки Муҳаммадиқбол яке  аз афроде мебошад, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодааст. Ин бешараф бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, ҳоло дар пайи иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, сухани беасос мегӯяд. Ба Муҳаммадиқбол гуфтанием, ки вақте аз минбарҳо бо ваъдаҳои пуч ба миллати тоҷик муроҷиат менамояд, доир ба далелҳои раднопазир, ки дар филми хуҷҷатии кисми 7-уми “Хиёнат” бо номи “Бешарафӣ” ёдовар гашта, андеша намояд.

Кас аз суханрониҳои бемантиқу беасоси Муҳаммадиқбол бо осони пай мебарад, ки ӯ дар ҳақииакт ба хотири молу сарват, ақли худро бохтасту аз бешарафиву бадсириштӣ бар миллати хеш беасос хиёнат мекунанд ва умуман  ба ғайр аз ин дигар коре надорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури Муҳаммадиқболи суханбози дурӯяи бешараф барои дур нигоҳ доштани ҷавонон кӯшиш ба харҷ дода,

барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем!

    А.ВАЛИЕВ ,

ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *