БАР ЗИДДИ ЗАҲҲОКСИФАТОНУ ИБЛИСРӮЁН МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки суръат ёфтани равандҳои сиёсӣ, бархӯрди андешаҳо, гуногунфикрӣ, зиддиятҳои иҷтимоӣ ва бӯҳронҳои ҷомеаҳои гуногун инсониятро дар руёрӯи чолишҳои мураккаб қарор додаанд. Таҳлили афкори иҷтимоии ин ҷамъияти имрӯза аз ҷониби коршиносон дар робита бо ин мушкилот гоҳо объективона ва гоҳо субъективона дар вобастагӣ ба вусъати тафаккур ва сатҳи ҷаҳоншиносию ҷаҳонбиниашон рӯи кор меоянд. Возеҳу равшан мушоҳида мешавад, ки ҳадаф аз роҳандозӣ намудан ва таблиғи андешаҳои ботил ин пеш аз ҳама ноором намудан ва рахна сохтан ба девори сулҳу субот, барҳам задани орзую омоли мардум ва дар вазъияти ногувор гирифтор намудани як ҷомеаи озод мебошад. Масалан солҳои охир роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ алҳол номи ҳизбро “Паймони миллӣ..” номугузорӣ намуда, аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, бештар барномаи номи зикршуда, бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда баромад менамояд. Ин барномаи ифротӣ ҳамеша аз дасиса ва таблиғи ташкилотҳои террористие, ки дар Тоҷикистон мамнӯъаст мавод нашр мекунад. Ин барнома аз оғози фаъолияташ бо  найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардуруғ мехоҳад давлату миллати моро ба вартаи нобудӣ барад. Дар аксар дасисаҳои ин барнома маводе ба мушоҳида мерасад, ки бо нашри матлабҳои гуногуни беасос Кабирӣ мехоҳад кишвари моро зери таҳдиду танқид қарор диҳад. Ба рахбари ТТЭ ҲНИ-ПМ Кабирӣ суол дода мешавад, ки ин барномаашро ӯ барои инъикоси айбҳои мардум ва зишт нишон додани миллати тоҷик таъсис додааст ё дигар масъалаҳо. Бояд ёдовар шуд,ки аслу ҳaдaфи ТТЭ ҲНИ aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои ифротгароиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпӯш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaву ҳaрaкaт дорaнд. Ин амалҳое, ки Кабирӣ ва пайравонаш анҷом медиҳанд, хоинона аст!

Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки мо омӯзгорон ҳамарӯза, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон, решакан намудани ғояҳои ифротгароии ТТЭ ҲНИ, бар зидди заҳҳоксифатону иблисрӯён, ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва пайравонашон муборизаи беамон мебарем.

                                       Р. АНВАРӢ,

ассистенти кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *