ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН БАРОИ АҲЛИ БАШАР НАМУНАИ ИБРАТ АСТ!

Мусаллам аст, ки таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад. Дар шароити муосир новобаста аз мушкилоти бузурги иқтисодиву молиявии ҷаҳон шукрона Тоҷикистон ҳамчун давлати озод сиёсати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро муназзам пеш бурда истодааст. Аз ин дастовардҳо бояд шукрона намуд, лекин масъалаҳо ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас бобати таъмини амният, пешгирӣ аз фаъолияти унсурҳои терроризму ифротгароӣ, миллатпарастии иртиҷоӣ ва роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ аз вазифаҳои муҳими айём маҳсуб меёбад. Дар афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасии онҳо бисёр муҳим ва зарур буда, онҳо ба тақдиру ояндаи давлату миллат, бахусус кишварҳои ҳамсарҳад пайванди қавӣ доранд. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки воқеаҳои кишвари ҳамсояи мо Афғонистон имрӯз аҳли башарро ба ташвиш овардааст. Ба ин ҳолат кишвари мо наметавонад бетараф бошад, зеро, мо ҳамсояву ҳамзабонем. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Сарвари кишвар барои ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳи пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар чандин ҳамоишҳои байналмилалии марбут ба кишвари ҳамсоя борҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварда, аз ҷумла қайд карданд: “вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад.” Дар баробари ин Сарвари кишвар иброз доштанд: мо дар роҳи дарёфти оштӣ, сулҳ ва рушди баъдӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтем ва омода ҳастем дар ҳар шароите, ки набошад, онро ба мардуми бародари афғон ироа намоем. Дар ҳақиқат таҷрибаи нодири сиёсӣ ва талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит менамояд, ки зимни музокироти сатҳи олӣ дар масоили эътидоли авзо дар Афғонистон ҳаматарафа пуштибонӣ карда шуд. Изҳори назари Пешвои миллати тоҷикон оид ба Афғонистон ва хатарҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ҳамеша дар асоси таҳлилҳои амиқу пешбиниҳои дақиқ сурат мегиранд. Дар робита ба ин бо ифтихору сарбаландӣ суханҳои Пешвои миллатро тақвият бахшида, ёдовар шудан бамаврид аст, ки воқеан фарҳанги сулҳи тоҷикон барои аҳли башар намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби СММ ҳамчун таҷрибаи нодир пазироӣ шудааст. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин муддати кӯтоҳ қатъ шуда, чонибҳои даргир ба ҳам дасти дӯстӣ дода, фаъолияти солими дастгоҳи давлати хешро ба манзури ободии кишвар равон карда бошанд. Сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи беҳтарини ба ифоқа овардани тарафҳои ба ҳам зид, таҳкими фарҳанги сулҳи башарӣ, муоширати байналмилалӣ ва ҳалли мухолифатҳои дохилидавлатӣ солҳои тӯлонӣ хизмат хоҳад кард.

Дар фарҷоми андешаи хеш, хулосабарорӣ карда, бо изҳори қаноатмандӣ гуфтан мумкин аст, ки пешниҳодҳои саривақтии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз метавонад барои ҳарчӣ зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар кишвари ҳамсояи наздиктарин, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ – Афғонистон ба сари хони оштӣ расидан хидмат кунад.

 

 

                             Ф.МАМАДҶОНОВ ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *