СУХАНҲОИ БЕАСОСИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТРО ШАДИДАН МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Таҳлилҳо собит менамояд, ки собиқ аъзоёни ҲНИ ва роҳбари кунунии он М.Кабирӣ бо дастгирии бевоситаи ҳоҷагони хориҷиашон дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, ҳизбро “Паймони миллӣ”(ПМ) ном гузошта, имрӯзҳо тибқи дастури ҳоҷагонашон тавассути шабакаҳои иљтимоӣ, мунтазам бо навбат зимни баромадҳои ифротиашон нисбати давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар беасос норозигию иғвогарию тӯҳмат карда, тухми кинаю адоват кошта истодаанд. Ин навбат бадхоҳи миллат – муовини ТТЭ ҲНИ- ПМ Алим Шерзамонов оид ба қазияи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рушони вилояти Бадахшон ҳарзагуӣ намуда, бо ин васила худро мусичаи бегуноҳ мешуморад. Алим Шерзамонов бо тавсифҳои сохтаву андешаҳои по дар ҳавои худ дар шабакаҳои иљтимоӣ ба сафсатагӯе табдил гаштааст ва ба хотири кас гуфтаҳои бемореро ба хотир меорад, ки аз таъсири тасбу таб ба ҳарзагӯӣ медарояду боз шояд ба гуфтаҳои худ бовар кунад. Бояд ёдовар шуд, ки аз ҷониби ташкилкунандагони ҳодисаҳои Бадахшон, думрави ТТЭ ҲНИ- ПМ Мамадшоев Улфатхоним ва собиқ шавҳараш Холбаш Холбашев ошкоро бе ягон фишороварӣ зимни баромадашон ба гуноҳашон иқрор шуда, қайд намуданд, ки дар якҷоягӣ бо роҳбарии муовини ТТЭ ҲНИ-ПМ Шерзамонов Алим дар қаламрави шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рушон гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ва бетартибиҳоро ташкил намудаанд.Тасдиқи ин гуфтаҳо дар филми мустанад бо номи “Шикасти фитана” бо далелҳои раднашаванда, амалҳои навбатии хоинони миллат аён гардид. Баробари ин, хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки ҳеҷ як шахси бадхоҳу бадкирдор, ҳасадхӯру финтагарон ба мақсад нарасидааст ва нахоҳад расид.
Мо дар интиҳои андешаи хеш суханҳои беасоси бадхоҳони миллатро шадидан маҳкум менамоем. Боварӣ дорем, ки минбаъд низ мардуми боору номуси тоҷик ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва душманони миллат нахоҳанд шуд. Танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, гирифта шавад!

М.АХМЕДОВ,
сармуаллими кафедраи математекаи олӣ
ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *