БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ АҚИДАИ СИЁСИИ МАРДУМИ САРБАЛАНДИ ТОҶИКИСТОНРО ДИГАР КАРДА НАМЕТАВОНАД!

Мо зимни маколаҳои хеш борҳо вобаста ба рафтору гуфтори Алим Шерзамонов, муовини роҳбари ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ, андешаҳои худро иброз дошта будем. Вобаста ба баромади навбатиаш, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намудааст, сараввал онро маҳкум менамоем. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки Шерзамонов Алим зимни баромадаш оид ба ҳодисаҳои соли охир дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рушон даст надоштанаш сухан намуда, худро бегуноҳ меҳисобад. Вале вақт довар аст, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор ва ҳатто думраваш Мамадшоева Улфатхоним ва Холбашев Холбаш зимни баромадҳояшон ошкоро Алим Шерзамоновро дар қазияи Хоруғу Рушон гунаҳкори асосӣ ҳисобиданд, ки ҳоҷат ба баён нест. Чунки ҳамагон пас аз намоиши филми ҳуҷҷатии “Шикасти фитна”нисбати душманони миллат хулосаи зарурӣ баровардаанд. Умуман баромадҳои қаблию навбати Шерзамонов А. тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ танҳо суханони беасос, бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Баробари ин, бояд қайд кард, ки дар сиёсат ва таҷрибаи дилхоҳ давлати демократӣ вақте мухолифин сиёсати Ҳукумати амалкунандаро зери интиқод медиҳанд, бояд тибқи талаботи қонунгузорӣ мухолифати худро бо далелҳои қонунӣ асоснок намуда, зимнан, барои беҳбудии давлат барномаҳои созандаи худро ба Ҳукумат пешниҳод менамоянд. Пас суол ба миён меояд, аз ҷониби иғвогарон бо ном мухолифи давлати мо оё чунин барномае боре пешниҳод шудааст? Албатта не! Аз ин бармеояд, ки онҳо танҳо хусумати шахсӣ доранд, ки бар пояи манфиатҳои шахсӣ, иқтисодиву молиявӣ рабт дорад. Такрор ба такрор боз гуфтанием, ки бадхоҳони миллат ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Бадахшон, умуман Тоҷикистонро дигар карда наметавонад! Зеро таърихи давлатдории навини тољикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна мољароро гирад.
Дар интиҳои андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, аз он ҷумла ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад.

Д. ОРИФҶОНОВА,
сармуаллими
кафедраи молия қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *