БО ЭҲСОСИ АМИҚИ ВАТАНДӮСТӢ ВА МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ БА ДАВЛАТУ ВАТАНИ ХЕШ СОДИҚ БОШЕМ!

Таҳлилу мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз назаррастарин таҳдид ин терроризим ва экстремизим динӣ мебошад. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ташкилот ба ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) мебинем.Ҳодисаҳои дар Сирия, Ироқ ва Ливия нишон дод, ки дар аввал маҳз чунин гурӯҳҳои ғайриқонунӣ зидди ҳукумати қонунӣ баромада, вазъиятро дар дохил вазнин намуда, баъдан ба он дигар давлатҳо ё ба таври дигар гӯем хоҷагони берунаи онҳо барои амали намудани нақшаҳои худ аз хизмати онҳо истифода мебаранд. Алҳол нисбатан ба эътидол омадани вазъи кишварҳо чун Сурия, Ироқ ва Ливия, бештари аъзоёни ДИИШ ба таври ошкору пинҳонӣ бештари аъзоҳояшон дар қаламрави Афғонистон ва кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ низ маскан гирифтаанд, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст.Баробари ин, бояд қайд кард,ки ташкилотҳои террористӣ асосан ба мақсади ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери динию экстримистӣ доштаи худ бештар усулҳои навтарини шустани майнаро бо истифода аз технологияҳои сиёсӣ рӯйи даст гирифтааст. Ҷавонони гумроҳ бо ваъдаҳои дурӯғи хоҷагони террорист бовар намудаву фирефта шуда, аксаран ба доми он меафтанд. Бояд ёдовар шуд, ки тибқи иттилои расмӣ, беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баъди соли 2014 ба Сурияву Ироқ рафта, ба гуруҳи тундрави ДИИШ пайвастанд. Баробари ин гуфтаҳо мисол меорем, ки моҳи декабри соли 2021 донишҷӯи технологиии Русия аз ҷониби мақомоти қудратии ин кишвар боздошт гардид, ки миёни ҳамсолонаш ғояҳои ҷиноии ДИИШ-ро тарғиб мекардааст.Ҷавони дастгиргардида, яке аз шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, борҳо кори ҷангии ДИИШ-ро сафед карда, ба бунёди хилофат дар Ироқу Сурия даъват менамуд. Инчунин қайд кардан зарур аст, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварамон дар соли 2021, беш аз 143 нафар гумроҳшудагон бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир шудаанд. Аз миқдор ТТЭ ҲНИ 10 нафар ва ДИИШ 26 нафарро ташкил медиҳад, ки мо танҳо ин ду ташкилоти террористиро мисол овардем. Ё мисоли дигар, ки соли ҷорӣ бо ҳидояти аъзои ДИИШ дар Сурия аз ҷониби пайравонаш дар яке аз сафоратҳои хориҷӣ дар Душанбе амали террористӣ содир мешуд, хушбахтона он аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвар саривақт пешгирӣ карда шуд.
Хулоса, ин бадхоҳон то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Бинобар ин, мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро дарк намоянд. Имрӯз ҷавонон бояд аз илму ҳунари давру замон ҳар чӣ зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, ҷомеа ва давлати худ саҳми сазовор гузоранд, аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омӯзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд, то ки модар, аҳли ҷомеа ва ватан солҳои сол ба онҳо аҳсант хонанд.

М.АХМЕДОВ, муаллими калони кафедраи математекаи олӣ ва ТИ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *