СУХАНҲОИ БАРДУРӮҒИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ

Дар давоми моҳҳои охири соли ҷорӣ аз ҷониби Муҳаммадиқболи Садириддин, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ва думраваш бо номи Абдураҳмон оид ба масъалаи гирдиҳамоӣ ва бетартибиҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон беасос баромадҳои ифротӣ намуда, бо ин рафтору гуфтори ифротии навбатиашон барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, бахусус мардуми сарбаланди Бадахшон ва ба ҳадафҳои аслии худу хоҷаҳои хориҷиашон расидан кӯшиш намуданд. Бояд қайд кард, ки М.Садриддин ва Абдураҳмон аз надонистани воқеияти ҳол зимни баромадашон суханҳои бардурӯғро бофта бароварданд, ки ин ба ягон қолиб рост намеояд. Таъкидан хотиррасон менамоем, ки офтобро бо доман пӯшида намешавад ва ҳақиқат ҳамеша ғолиб мебарояду қонуну қонуният дастболо! Бояд хотиррасон кард, ки ҳодисаҳои дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рушони ВМКБ рухдода даст доштани ташкилоти ғайриҳукумати байналмилалӣ ва ташкилоти террористӣ аст, ки дар саргаҳи он Алим Шерзамонов, муовини роҳбари “Паймони миллӣ”(ПМ) меистад. Бо далелҳои раднашаванда аёну тасдиқ шудааст, ки Алим Шерзамонов бо пайравонаш, яъне бо Мамадшоев Улфатхоним ва собиқ рутбадори генерал-майори низомӣ Холбаш Холбашев амали навбатиашро тарҳрезӣ намуда, бо ҷалби гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша ва ҷавонони роҳгумзада дар қаламрави шаҳру ноҳияи ВМКБ гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуда, бо ин роҳ вазъи оромии вилояти Бадахшонро ноором кардаанд. Барои тасдиқи ин гуфтахо, бояд ёдовар шуд, ки воқеан дар филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Шикасти фитна” чеҳраи воқеии хоинони миллати тоҷик ва ҷиноятҳое, ки аз ҷониби гуруҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, роҳбарияти ташкилоти террористӣ ва яке аз кишварҳои Ғарб роҳандозӣ шуда буд, ба дараҷаи олӣ ошкор сохт.
Ҳадафи асосии андешаи мо ин аст, ки бахусус ҷавонон аз қазияи Хоруғу Рушони ВМКБ хулосаи зарурӣ бароварда, роҷеъ ба ҳар гуна гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва аз фаъолияти имрӯзаи ТТЭ ҲНИ маълумот дошта бошанд.
Дар интиҳои андешаи хеш қайд менамоем, ки имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, тақозои замон аст.
Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *