БАРОИ РЕШАКАН КАРДАНИ АҚИДАҲОИ ИФРОТӢ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

Имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамалакат, хусус ан ҷавонон ва созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд.Дар иртибот ба ин мисол меорем,ки бо ташаббуси саркардагони пайравони ТТЭ ҲНИ ва бо ҷалби ҳаракатҳои мухолифини бурунмарзӣ тариқи кумаку дастгирии хоҷагони хориҷӣ, созмони бо ном “Паймони миллӣ”-ро барои идома додани фаъолияти тахрибии худ итаъсис доданд.Ин созмон ифодакунандаи афкори наҳзатиён буда, сомонаҳои интернетии ба он хос тарӯибкунандагони идеологияи хусусияти террористӣ ва ифротгароидошта ҳамчун таҳдид ба фазои иттилоотӣ ва амнияти кишвар маҳсуб меёбад. Яке аз чунин сомонаи интернетӣ бо номи “Ислоҳ нет”аст, ки баръало фаъолияти пардапӯшонаи тахрибии наҳзатиёни ифротӣ дар он мушоҳида мегардад. Мудирияти ин сомонаи мазкурро Муҳаммадиқболи Садриддин ба ӯҳда дорад.Бояд ёдовар шуд Муҳаммадиқбол узви фаъоли ТТЭ ҲНИ буда, фарзанди Қаландари Садриддин яке аз саркардагон ва аъзои фаъоли наҳзатиён мебошад.
Дар сомонаи ифротии “Ислоҳ нет” асосан М.Садриддин ва дигар роҳбарону фаъолони наҳзатиёни фироӣ низ бо навбат баромад менамоянд, ки аз мубаллиғони идеологияи бегонапарастӣ,авомфиребӣ ба шумор мераванд.Ин бадхоҳони миллат аз пешравиҳову дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон озурдахотир гардидва,бо чоплусиву бегонапарастӣ ва амали ноҷавонмардонаи худ камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳанд.
Вале бадхоҳони миллат бехабаранд, ки мардуми солимақли кишвар шоҳиди он аст, ки фаъолияти душманонаи ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо асосан дар мисоли пешбурди ҷанги иттилоотӣ бо роҳи таъсиси сомонаҳову дигар васоити ахбори дасисабоз дар фазои иттилоотӣ мавриди ташвиқу тарғиб қарор дода шудааст.Баробари ин бояд ёдовар шуд,ки филмҳои ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам”, “Хиёнат” ва “Шикасти фитна”,ки аз чеҳраи манфури хиёнтапешаи саркардагону аъзои ТТЭ ҲНИ бо далелҳои раднашаанда пардаро бардошт ва ҷомеа аз амалҳои ваҳшатангези он бархӯрдор гардиданд.
Дар фарҷоми андешаи хеш, бо итминони комил метавон қайд кард, ки ҷомеаи имрӯзаи кишвар, хусусан ҷавонон аз кирдорҳои хиёнаткорнаи рахбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ комилан воқиф гардидаанд ва ба ин васила, ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надода, барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем.

Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *