СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ КАФОЛАТИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР МИНТАҚА

Дар ҷаҳони имрӯза муносибати байни давлатҳо торафт тезутунд шуда истодааст. Кишварҳои абарқудрати ғарб, ки ба ҳамагон он маълум аст, барои ба даст овардани манфиатҳои геополитикии худ аз ягон амали ғайриқонунӣ даст намекашанд. Бо баҳонаҳои зиёд ба кишварҳои Ироқ, Сурия, Ливия, Афғонистон, Сербия ва ғайра қӯшун дароварда, садҳо ҳазор одамони бегуноҳро нобуд карда, барои боигарии табии онҳоро соҳибӣ намудан кӯшиш доранд. Барои ин кирдорҳо розигии ягон ташкилоти бонуфуз ба монанди Созмони милали муттаҳидро нагирифтаанд. Аз ҳама бадаш дар он аст, ки онҳо кирдорҳои ғайриинсоиашонро қонунӣ меҳисобанд. Яъне онҳо ҳуқуқи дар ҷаҳон даровардани тартибро доранд ва ба ин розигии дигарон шарт нест. Чунин амалҳои ғайриқонунии онҳо сабаб шуд, ки бар муқобили беадолатиҳо Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) барпо гардид. Ин созмонест байниҳукуматии доимамалкунанда дар соҳаҳои иқтисод, амният ва фарҳанг, тибқи оинномаи худ фаъолият мекунад. Доир ба таърихи созмони мазкур ёдовар шуда карда, қайд менамоем, ки он санаи 26 апрели соли 1996 бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби Сарони кишварҳои Чин, Руссия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон “Панҷгонаи Шанхай” ба вуҷуд омад ва ба таъсиси СҲШ асос гузошта шуд. Ҷаласаи корӣ дар як сол як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо баргузор мегардид. Аввалин бор мулоқоти Сарони кишварҳо соли 1996 дар шаҳри Шанхай, маротибаи дуюм соли 1997 дар шаҳри Маскав, маротибаи сеюм соли 1998 дар Алма-ато, маротибаи чорум соли 1999 дар шаҳри Бишкек доир гардид. Дар ин давра кишварҳои аъзо ба ҳалли проблемаҳои манотиқи сарҳади муваффақ гардида, бо истифода аз ин ширкату ҳамоиш дар доираи “Панҷгонаи Шанхай” густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфиди сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангиро амри зарурӣ маънидод мекарданд. Мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви “Панҷгонаи Шанхай” соли 2000 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Сониян 15 июни соли 2001 дар Шанхай вохӯрии Сарони давлатҳо баргузор шуд ва дар он изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба «Панҷгонаи Шанхай» қабул гардида, Эъломия дар бораи таъсис додани Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид.

Созмони ҳамкории Шанхай, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохти сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ то соли 2014 тахминан 30 млн. 189 ҳазор км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 1,5 млрд. нафар ё чоряки аҳолии умумии кураи Заминро ташкил мекард. Баъди ҳамроҳ гардидани Ҳиндустон ва Покистон (соли 2017) ба узвияти СҲШ, масоҳати умумии он зиёда аз 34 млн км², яъне 60 фоиз қаламрави Авруосиёро дар бар гирифтааст ва ҷамъи аҳолии он зиёда аз 3 миллиарду 40 миллион нафарро ташкил медиҳад,ки он зиёда аз ними аҳолии сайёра мебошад.

Дар сохтори СҲШ механизми Шӯро ва муасиссаҳои доимоамалкунанда шомил мебошанд. Ба монанди Шӯрои сарони давлатҳо – Шӯрои олии созмон ба ҳисоб меравад. Ин Шӯро афзалият ва самтҳои асосии фаъолияти созмонро муайян менамояд. Инчунин масъалаҳои муҳимро марбут ба сохти дохилӣ ва ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ дида мебарояд. Шӯрои сарони ҳукумат – (Сарвазирон) буҷаи созмонро қабул менамоянд. Масъалаҳои муҳимро марбут ба иқтисодиёт, ҳамкориро дар самтҳои гуногун мушоҳида мекунанд. Шӯрои Вазирони корҳои хориҷӣ – ба ҳаллу фасли масоили фаъолияти рузмараи созмон машғул мебошад.

Машварати сарони вазорату идораҳо – ба доир намудани машварат ба таври мунтазам баҳри барасии масоили мушахаси инкишофи ҳамкори дар тамоми соҳаҳо дар чаҳорчӯбаи Созмон машғул мебошад.Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ соле се маротиба доир мегардад.

Котибот – Мақомоти доимо амалкунандаи Созмон ба шумор рафта, аз моҳи январи соли 2004 кори худро оғоз кард. Қароргоҳи он дар шаҳри Пекин ҷойгир буда, аз ҷониби котиби иҷроия роҳбарӣ карда мешавад, ки онҳоро сарони давлатҳо интихоб мекунанд. Сохтори минтақавии зиди терористӣ – фаъолияти аввалиндараҷаи сохтор мубориза бар зидитерроризм, экстремизм ва сепаратизм мебошад.

Шӯрои Сарони давлатҳо (ШСД) мақоми олӣ дар СҲШ барои қабули қарорҳо ва дастурҳо оид ба масъалаҳои муҳими дохилию хориҷии Созмон ба ҳисоб меравад. Ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳо (ШСҲ) сарвазирон барои муҳокимаи стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва самтҳои афзалиятнок дар чорчӯбаи СҲШ, ҳалли масъалаҳои принсипиалӣ ва рӯзмараи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар намуди ҳамкориҳо, инчунин барои тасдиқи буҷети солонаи Созмон баргузор мешаванд. Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (ШВКХ) барои баррасӣ ва маъқул донистани лоиҳаи рӯзнома ва дигар ҳуҷҷатҳои ҷаласаи ШСД, пешкаш намудани пешниҳодот ба ШСД ва ШСҲ дар бораи такмил ва рушди ҳамкориҳои самтҳои гуногун дар чорчӯбаи СҲШ, инчунин беҳтаргардонии фаъолияти мақомоти СҲШ, аз ҷумла масъалаҳои бастани ҳуҷҷатҳои бисёрҷонибаи шартномавии дахлдор дар чорчӯбаи Созмон, баромад намудан бо изҳорот аз номи давлатҳои аъзо оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, баррасии фаъолияти ҷории СҲШ, таъмини идоракунии умумӣ ва иҷрои қарорҳои мақомоти СҲШ ва баррасии дигар масъалаҳои дохилию ҳамкориҳои байналхалқии Созмон амал менамояд.

Созмон алҳол аз ҳашт давлати аъзо, яъне Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон,Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, чаҳор давлати нозир Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муғулистон ва шаш давлати шарикони мусоҳибавӣ Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Камбоҷа, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка иборат мебошад.

Аз ҷиҳати геостратегӣ иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки аҳамият ва моҳияти он на танҳо дар аъзогии давлатҳои дар маҷмӯъ аз ҷиҳати демографӣ ва марз васеъ, балки шарикии стратегии ду давлати дорои яроқи ҳастаӣ ва аъзоёнии доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид – Русия ва Хитой таҷҷасум мегардад. Аз тарафи дигар, ин на танҳо таҳкурсии бунёди низоми амният дар Осиёи Марказӣ, ҳамчунин дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро муайян менамояд.

Яке аз самти муҳими СҲШ ин мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм, экстремизм ва ҳама гуна зуҳуроти номатлуб равона карда шудааст, ки бо ин мақсад моҳи январи соли 2004 Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии (СМЗТ) таъсис дода шудааст.Маркази кумитаи мазкур дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Eзбекистон фаъолият дорад ва дар доираи СҲШ пайваста машқҳои зиддитеррористӣ гузаронида мешаванд. Чунончӣ  17-19 апрели соли 2009 машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ “Норак – зиддитеррор” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбии зидди террористии давлатҳои аъзои СҲШ «Мирная миссия – 2012», 08 – 14 июни соли 2012 дар машқгоҳи «Чорух-Дайрон» вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. Баробари ин бояд қайд кард, ки СҲШ нияти ба блоки ҳарбӣ мубаддал гаштанро надошта, мақсади он танҳо мубориза бо зуҳуроти хавфноки замони муосир – терроризм мебошад. Дар соли раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ҳамчунин дар қаламрави кишвар баргузории машқҳои зиддитеррористӣ ба назар гирифта шудааст.

Фаъолияти СҲШ натанҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ равона шудаанд. Дар доираи созмон нақшаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул шудааст, ки мақсади он мусоидат намудан ба гардиши озоди мол, хизматрасонӣ ва технологияҳо дар байни давлати аъзо ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳо ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, илм ва техника, кишоварзӣ, гумрук, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мубориза ба муқобили ҷиняткорӣ батадриҷ ривоҷ меёбанд.

 

ИБРОГИМОВ И.И.,

дотсенти кафедраи математикаи олӣ

ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *