Тавре иттиллоъ дорем, рӯзҳои 16 – 17 сентябри соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ин ҷаласа дар ҳаёти иҷтимоӣ – сиёсии Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат муҳим буд. Аввал ин, ки ҷаласаи мазкур дар рӯзҳои таҷлили бошукӯҳи 30-солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистон баргузор гардид. Дигар ин, ки имсол ин Созмони бонуфуз 20-солагии ташкили худро ҷашн мегирад. Ва муҳим аст, дар ин соли ҷашни Тоҷикистон вазифаи раисикунандаи созмонро бар ӯҳда дошт. Ба ҳам мувофиқ омадани ин ду ҷашнвора басо рамзист, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони ташкил намудани ин созмони бонуфуз ба ҳисоб меравад. СҲШ дар аввал ҳамчун ташкилоти давлатҳои ҳаммарз бо Чин ташкил шуда, имрӯз ба яке аз созмонҳои бузург ва диққатҷалбкунанда мубаддал гаштааст.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар фаъолияти СҲШ бавосита ё бевосита анқариб 20 давлати дунё ширкат варзида, дар ин давлатҳо қариб нисфи аҳолии курраи замин умргузаронӣ доранд. .Дар тӯли ин солҳо обрӯю эътибори СҲШ ба маротиб афзуда, он ба яке аз ниҳодҳои калидии сиёсати байналхалқӣ табдил ёфтааст.
Ҷаласаи навбатии СҲШ боз аз ин ҷиҳат таваҷҷӯҳпазир буд, ки Тоҷикистон салоҳият ва имкониятҳои худро арзёбӣ намуд. Ҷамъбасти ҷаласаи СҲШ бори дигар собит намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ қодир аст, ки ҳамагуна чорабиниҳои иҷтимоиву сиёсиро дар сатҳи баланд доир намояд. Дар воқеъ, дар ин хусус тавассути ВАО роҳбарони олимақоми давлатҳои аъзо ва нозир ибрози ақида намуда, нафақат сатҳи баланди чорабинии мазкур, балки дар бораи тағйиротҳои кулии симои пойтахти ҷумҳурӣ ва дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварамон ибрози ақида намуданд. Роҳбарони делегатсияҳо ва дигар ширкатдорони ҷаласа нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур ба таври алоҳида таъкид намуданд. Дар ин робита, аксари роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ таъкид намуданд, ки дар давраи раисии Тоҷикистон дар созмон фаъолияти он ба сатҳи сифатан нав бардошта шуд. Бояд эътироф намуд, ки имрӯз масъалаҳои мубрами боварии тарафайни давлатҳо, ҳамҷаворӣ ва ҳамгироӣ байни онҳо, муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, масъалаҳои робитаҳои гуманитарӣ ва ғайра бе назардошти мавқеи аъзоёни СҲШ баррасӣ ва ҳал намегарданд.
Нуктаи дигаре, ки бояд зикр кард, ин арзёбии имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд кард, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар имконияте, ки ба вуҷуд меояд, истифода намуда, имкониятҳои Тоҷикистонро дар миқёси минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Намоиши фарогири маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки дар саҳни қароргоҳи шаҳрии Ҳукумат бо ибтикори Пешвои муаззами миллат ташкил карда шуд, мисоли равшани он аст. Роҳбарони давлатҳо ва аъзоёни делегатсияҳо аз тамошои намоиш на фақат ангушти ҳайрат газиданд, балки омодагии хешро барои содироти ин маҳсулотҳои кишоварзи иброз доштанд.
Масъалаи дигари муҳими имрӯз, ки тамоми оламро ба ташвиш овардааст, вазъият дар Афғонистони ҳамсоя мебошад. Бурди Тоҷикистон ҳамчун раисикунандаи СҲШ дар ин буд, ки роҳбари давлатамон ба таври возеҳ иброз доштанд, ки дар Афғонистон бояд Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ (инклюзивӣ) ташкил карда шавад, ки дар он намояндагони ҳамаи қавму гурӯҳҳои этникӣ, аз ҷумла тоҷикон, ширкат дошта бошанд. Тоҷикистон фақат дар ҳамин маврид метавонад бо Ҳукумати нави Афғонистон ҳамкориҳои ҳасанаро ба роҳ монад. Ба ғайр аз ин Ҳукумати нави афғон бояд аз ҳамкориро бо ҳамагуна ташкилотҳои террористиву экстремистӣ даст кашад. Чунин арзёбии масъала хеле муҳтим аст, зеро Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки давлати мо ҳимоятгари ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои ҳамаи тоҷикони ҷаҳон новобаста аз макони зисти онҳо мебошад.
Ҳамин тариқ, саммити СҲШ дар Душанбе бори дигар салоҳият ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон арзёбӣ намуд.
СОЛИҶОНОВ Р.,
доктори илмҳои фалсафа,
профессори кафедраи ҷомеашиносӣ