Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб гардида, яке аз давлатҳои пешрафта, орому осуда ва бехатар ба амнияти сокинон маҳсуб ёфта , имрўз дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ ва эътибори баландро касб намудааст. Эълон шудани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ» низ яке аз барномаҳои созандае ба шумор меравад, ки барои пешрафту тараққӣ ва некуаҳволии мардуми шарифи кишвар нигаронида шудааст. Ҷои таассуф аст, ки дар ҷамъиятҳои осоишта шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое низ ҳастанд, ки кўшиши мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Масалан Ташкилоти террористӣ-эктремистии Ҳизби назҳати исломӣ аз кабили чунин ниҳоти диниву мазхабии тундрав, нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанўз ҳам дар барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў дар кишвари Олмон ва Лаҳистон (Польша) бо ҳаргуна баҳонаи беасос ҷамъомадҳои ифротиро баргузор намуда истодаанд. Дар зимни ҳамоиш раҳбарони ҲНИ ва хоҷагонашон нерўҳои мухолифи Тоҷикистонро таъсис ва эълом кардани ҳастанд. Бо ин роҳи найрангу фиреби навбатиашон кўшиш доранд, ки бо дастгирии молиявии доираҳои манфиатдори ҳориҷӣ муҳоҷирони тоҷикистонӣ, хусусан,намояндагони табақаи зиёиро ба ин созмон ҷалб созанд. Бо баробари ин инчунин созмонҳои ифротӣ, аз қабили «Гурўҳи 24», «Анҷумани озодандешони тоҷик» шомил созанд. Торҳои ин ташкилот дар бисёр минтақаҳои ҷангзада ва дигар кишварҳои пешрафта, бахусус дар Аврупо, ки дар боло зикр шуданд, паҳну парешонанд. Аз ин нигоҳ ҲНИ дигар танҳо марбут ба Тоҷикистон нест, он хатар ба ҷомеаи ҷаҳонист. Имрўз фаъолияти ҲНИ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он расман Ташкилоти террористӣ-экстремистӣ Ҳизби назҳати исломӣ дониста шудааст. Дар ин бора хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ андеша кунанд. Бо баробари ин набояд фаромўш кард, ки Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон дар марҳилаи нави пешрафтҳои замони истиқлолият қарор дорад. Хулоса, имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткор, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодаанд.
Ҷӯраев Ҷамолиддин,
мудири шуъбаи ба қайдгирӣ ва машварат