ШУКРОНАИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Пеш аз ҳама аз суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки борҳо зимни баромадҳояшон оид ба ҷавонони зодаи истиқлол ибрози андеша намудаанд, ёдовар шуда, иқтибос меорем: Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.
Оре, кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умед бастааст. Зеро ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.
Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва самти иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввал қарор медиҳад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллатанд.
Бояд, қайд кард, ки ҳар як сокинони ватанпарасту худогоҳи ҷумҳурӣ ва бурунмарзӣ, бахусус ҷавонон аз ҳодисаи бавуқуъ омада бетарафӣ зоҳир накарда, ҷиҳати пешгирии чунин қонуншиканиҳо ва эътирозҳо роҳ надиҳанд. Мо бояд, шукронаи якпорчагии давлат ва зиндагии осоиштаро ҳеҷгоҳ фаромӯш накунем!
Дар фарҷоми андешаи хеш аз суханрониҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ҳусни интиҳо мебахшем.
Бигзор, ҷавонони кишвари соҳибистиклоли мо ҳамеша неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрузу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд!

Т.Салимов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *