ИЗҲОРОТИ шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси ДИС ДДТТ нисбат ба суханҳои ифротиву ихтилофангези хоинони миллат

Мо кормандони шуъба огаҳ ҳастем, ки вақтҳои охир хоинони миллат тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротиавшон баромад намуда истодаанд, суханхои сафсатаашонро шадидан махкум намуда, пиромуни ин масоил ибрози андеша менамоем.
Воқеан хоинони миллат, бахусус раҳбарияту ҳаммаслакони собиқ ҲНИ, алҳол “Паймони миллӣ” ном дорад, бо пуштибонии хоҷагонаш дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, чун солҳои навадуми асри гузашта бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бадхоҳони миллатанд, онҳо нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд. Имрӯз ба либоси Кабирӣ ва ҳаммаслаку пайравонаш кайк даромадаасту онҳоро ором гузошта наметавонад. Ба ғайр аз тӯҳмату ғайбат дигар коре надоранд. Ин хоинони миллат аз аввал ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанду надоранд ва барои манфиати шахсӣ мақсад доранд, ки вазъияти кишварро тағйир диҳанд. Мақсади дигари муассисону мубаллиғони ТТЭ ҲНИ дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад.
Дар урфият мегӯянд, офтобро бо доман пӯшида намешавад. Имрӯз ҳама медонанд, ки ТТЭ ҲНИ ва пайравону аъзоёни он, зери роҳбарии Кабирӣ, кистанд ва чӣ ният доранд.
Хулоса мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин хоинони миллат комилан бовар намекунанд. Хулоса натиҷаҳои нохалафиву ватанфурӯшии аъзоёну думравони ТТЭ ҲНИ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани ифротгароӣ, умуман нисбати бадхоҳони миллат- ТТЭ ҲНИ муборизаи беамон мебарем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *