ИЗҲОРОТИ устодон ва донишҷӯёни кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ ба сокинони кишвар оид ба гирдҳамоӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Мо устодони кафедра ва донишҷӯёни кафедра аз расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки санаи 25 ноябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ аз ҷониби як гурӯҳҳои муташакил, бо ҷалби ҷавонони роҳгумзада, бахусус трафдорони шаҳрванд Гулбиддин Зиёбеков гирдиҳамоӣ эътирозии ғайриқонунӣ ташкил намуданд. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, ки мувофиқи маълумоти мақомоти расмии ин вилоят Гулбиддин Зиёбеков дар содир намудани якчанд ҷиноят, аз ҷумла латукӯб намудани ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А., барангехтани ҳисси инсонбадбинии миллӣ, маҳаллӣ дар соли 2020 айбдор карда мешавад. Ӯ дар рафти иҷрои корҳои тафтишотӣ ба прокуратура ҳозир нашуд ва дар рӯйхати расмии ҷустуҷӯ ворид шудааст. Санаи 25 ноябри соли равон аз тарафи намояндагони ҳифзи ҳуқуқ дар рафти амалиёти боздошткунӣ Зиёбеков Г. муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, ду нафар корманди милитсияро захмӣ намуд ва худаш низ захмӣ шуд. Дар беморхона Зиёбеков Г. ва кормандони милитсия Гулназар Муродбеков вафот намудаанд.
Дар ин хусус аз тарафи устодон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои ихтисосашон ба кафедра мутасаддӣ чунин изҳоротро пешниҳод мекунем:
– фаъолият ва кирдори расонаҳои нияти баддошта нодуруст аст, онҳо бо ҳар роҳ мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро ноором гардонанд, ҷавононро бар муқобили сиёсати давлати қонунӣ бармехезонанд;
– мо аз ҳукумати кишварамон хоҳиш мекунем, ки Зиёбеков Г. дар ҳақиқат ҷинояткор аст ва ӯ ва ҳаммаслаконаш мувофиқи талаботи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд;
– расонаҳои бадхоҳ мехоҳанд бо ҳар роҳ ҳақиқатро нодуруст нишон дода, ҷавонони кишварамонро гумроҳ кунанд;
– пас аз бетартибиҳои соли 2018 дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он корҳои зиёде оиди корҳои ташвиқотӣ оид ба супоридани ихтиёрии силоҳ мусодира кардани силоҳ ва маводи мухаддири ғайриқонунӣ, ба ҷазо кашидани нафарони ташкилкунадаи ин бетартибиҳо иҷро шудааст, ки дар бораи он бисёртар навиштан лозим аст;
– Ташкили чунин гирдиҳамоии ғайриқонунӣ мақсади аз нав барангехтани бетартибиҳои соли 2018 мебошад.
Дар интиҳои изҳороти хеш ба мардуми сарбаланди Бадахшон гуфтанием, ки сари ин гуна гириҳамоиро саривақт чун солҳои қаблӣ гирифта шуданд ва имрӯз низ ин корҳо амалӣ шуда истодаанд!
Поянда бод сулҳу субот ва Ваҳдати миллии тоҷикон!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *