Савганди садоқат ва эътимоду боварӣ ба ояндаи кишвар

Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонии худ мебошад.

Ҳамаи мо аз таърихи пурифтихори халқамон хуб медонем, ки андешаи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ ва орзуву ормони озодандешӣ дар зеҳни миллати истиқлолхоҳи мо ва фарзандони некному хирадманди он дар тӯли садсолаҳо зинда буд.

Санаи 30 октябри соли 2020 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо хати заррин навишта хоҳад шуд, зеро бо савганд ёд кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -​ Пешвои миллат​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти аз навтихобшудаи кишвари азизи мо ба марҳилаи нави рушду​ тараққиёти Тоҷикистон​ тавассути барномаҳои дурнигарона асос гузошта шуд.

Дар навбати аввал, бояд изҳор дошт,ки барҳақ дигарбора ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои муаззами миллат ин пеш аз ҳама ҳосили ирода, ихлос ва садоқату муҳаббати халқи шарифи Тоҷикистон ва мардуми ватандўсти он мебошад, ки самараи он ба ҷонибдории ин абармарди таърихи тоҷикон овоз додани беш аз 90 фоизи интихобкунандагон ба шумор меравад. Ин буд, ки Пешвои муаззами миллат ҳам бо камоли ихлосу муҳаббат ва самимияте, ки нисбат ба халқи азизи хеш, ба мардуми Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон доранд, баробари сипосгузори ҳамаи онҳо назди мардуми азизи хеш сари таъзим фуру оварда, садоқати олии хешро ба халқи тоҷик ва тамоми тоҷикони олам нишон доданд. ​ Ин садоқатест, ки кайҳо пешорўи мардуми кишвари мо ва тамоми тоҷикони олам собитшудааст ва тоҷикони саросари ҷаҳон ва халқи шарифи Тоҷикистон низ ба камоли ихлосу иродат ҳар ҳарфу сухани Пешвои муаззами хешро истиқбол ва барои ба меҳвари амал қарор додани он пайваста талош меварзанд.

Албатта, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол зери роҳбарии Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело зиёданд ва яке аз комёбиҳои муҳим устуворсозии давлатдории тоҷикон ва ба арсаи ҷаҳон баровардани обрӯю нуфузи давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик буд. Маҳз ҳамин дастовард аҳамияти бисёр муҳим дорад, зеро ин масъалаи муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихии муосири мост, вагарна бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва кулли ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои ҳастии худро аз даст медод.

Ҳ. Баҳодуров,

Н. Ҷалолов,

устодони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *